https://sputnik.tj/20250110/tojikiston-mavqe-radabandii-muntakhab-judo-1065820346.html
Тоҷикистон мавқеъашро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтра кард
Тоҷикистон мавқеъашро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтра кард
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ахиран дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки талош хоҳад дар ояндаи наздик ба 10-гонаи беҳтаринҳо шомил гардад
2025-01-10T15:59+0500
2025-01-10T15:59+0500
2025-01-10T15:59+0500
дар тоҷикистон
дзюдо
раддабандӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/03/1062714051_0:139:1406:930_1920x0_80_0_0_23839dde23fa49e251672c0de3fb3809.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳонро нав кард, ки тибқи он мавқеи Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар шуд.Тибқи ин раддабандӣ мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 42 825 хол дар зинаи 19-ум қарор гирифт.Қаблан дар моҳи июли соли 2023 Тоҷикистон дар зинаи 34-ум мавқеъ дошт.Ба панҷгонаи аввал дар ин раддабандӣ – Ҷопон, Фаронса, INA (мунтахаби бетараф), Гурҷистон ва Италия ҷойгир шудаанд."Ин дастоварди назаррас аст, махсусан бо дарназардошти он ки дар ин радабандӣ комёбиҳои ҳам дастаи мардона ва ҳам занона ба инобат гирифта мешавад”, - гуфт муовини аввали раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков, ки дар сомонаи расмии федератсия нашр шудааст.Вай илова кард, ки акнун раиси Федератсия Исмоил Маҳмадзоир назди мо вазифа гузошт, ки духтарон фаъолона ба машғулиятҳои ҷудо ҷалб шуда, кишвар минбаъд ба 10-гонаи беҳтаринҳо шомил гардад.Ёдовар мешавем, ки қаблан ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2024 муайян кард.Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуди олимпӣ – бокс, куштии озод, ҷудо ва самбо дохил шуданд.Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳо Темур Раҳимов (ҷудо), Давлат Болтаев (бокс), Абдулмаҷид Қудиев (куштии озод), Акмал Убайдов (бокс), Виктор Рассадин (куштии озод), Паривиз Каримов (бокс), Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҷудо), Сорбон Латипов (самбо) шомил шуданд.
https://sputnik.tj/20241010/ishtirok-pahlavoni-tojik-musobiqa-judo-abu-dhabi-grand-slam-1064654324.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/03/1062714051_0:59:1361:1080_1920x0_80_0_0_69824c35c6f2c9a0c30b2458f41521b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷудо, варзиш, раддабандӣ, тим, беҳтарин
тоҷикистон, ҷудо, варзиш, раддабандӣ, тим, беҳтарин
Тоҷикистон мавқеъашро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтра кард
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ахиран дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки талош хоҳад дар ояндаи наздик ба 10-гонаи беҳтаринҳо шомил гардад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳонро нав кард, ки тибқи он мавқеи Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар шуд.
Тибқи ин раддабандӣ мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 42 825 хол дар зинаи 19-ум қарор гирифт.
Қаблан дар моҳи июли соли 2023 Тоҷикистон дар зинаи 34-ум мавқеъ дошт.
Ба панҷгонаи аввал дар ин раддабандӣ – Ҷопон, Фаронса, INA (мунтахаби бетараф), Гурҷистон ва Италия ҷойгир шудаанд.
"Ин дастоварди назаррас аст, махсусан бо дарназардошти он ки дар ин радабандӣ комёбиҳои ҳам дастаи мардона ва ҳам занона ба инобат гирифта мешавад”, - гуфт муовини аввали раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков, ки дар сомонаи расмии федератсия нашр шудааст.
Вай илова кард, ки акнун раиси Федератсия Исмоил Маҳмадзоир назди мо вазифа гузошт, ки духтарон фаъолона ба машғулиятҳои ҷудо ҷалб шуда, кишвар минбаъд ба 10-гонаи беҳтаринҳо шомил гардад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2024 муайян кард.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуди олимпӣ – бокс, куштии озод, ҷудо ва самбо дохил шуданд.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳо Темур Раҳимов (ҷудо), Давлат Болтаев (бокс), Абдулмаҷид Қудиев (куштии озод), Акмал Убайдов (бокс), Виктор Рассадин (куштии озод), Паривиз Каримов (бокс), Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҷудо), Сорбон Латипов (самбо) шомил шуданд.