https://sputnik.tj/20250110/az-khatlon-300-nafar-davatshavandaho-ba-kurshoi-roygon-jalb-meshavand-1065813991.html
Аз Хатлон 300 нафар даъватшавандаҳо ба курсҳои ройгон ҷалб мешаванд
Аз Хатлон 300 нафар даъватшавандаҳо ба курсҳои ройгон ҷалб мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон қарор дар бораи Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2025 имзо кард
2025-01-10T10:49+0500
2025-01-10T10:49+0500
2025-01-10T10:49+0500
дар тоҷикистон
артиш
даъвати баҳорӣ
хатлон
курс
ройгон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102481/02/1024810278_0:263:4149:2596_1920x0_80_0_0_445a83a71690cfdcdf74124081054944.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. Вилояти Хатлон аз ҳоло ба даъвати баҳорӣ ба сафи артиши миллӣ омодагӣ гирифтааст.Бо мақсади таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ аз ҳисоби даъватшавандаҳо, қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2025” ба тасвиб расид.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, тибқи ин қарор, раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва сохторҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ТҶММ) илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи кишвар оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ҳамчунин ҳавасмандгардонӣ барои интихоб ва пурра намудани курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Артиши миллӣ дар сохторҳои Кумитаи ТҶММ-и вилояти Хатлон бояд на камтар аз 30 фоизи нақшаи даъвати баҳории соли 2025-ро амалӣ ва маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.Ҳамзамон, дар доираи Барномаи давлатӣ зиёда аз 300 нафар даъватшавандаҳо дар курсҳои ройгони ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳ зарур таҳсил хоҳанд кард.Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон, дар бораи баланд бардоштани рӯҳияи меҳандӯстиву ватанпарварии ҷавонон чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронида шуда, шиносоии шунавандагони курсҳои ронандагӣ бо шароити хизмат, техникаи ҳарбӣ, қисмҳои низомие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгиранд, пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20241216/ahmadzoda-safi-ikhtiyoriyon-artish-ziyod-1065526247.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102481/02/1024810278_192:0:3873:2761_1920x0_80_0_0_316dde313ef7b919f7cdef3a8240ea75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, артиш, даъвати баҳорӣ, курсҳои ройгон, хатлон, қуваҳҳои мусаллаҳ
тоҷикистон, артиш, даъвати баҳорӣ, курсҳои ройгон, хатлон, қуваҳҳои мусаллаҳ
Аз Хатлон 300 нафар даъватшавандаҳо ба курсҳои ройгон ҷалб мешаванд
Раиси вилояти Хатлон қарор дар бораи Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2025 имзо кард
ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. Вилояти Хатлон аз ҳоло ба даъвати баҳорӣ ба сафи артиши миллӣ омодагӣ гирифтааст.
Бо мақсади таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ аз ҳисоби даъватшавандаҳо, қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2025” ба тасвиб расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи ин қарор, раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва сохторҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ТҶММ) илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи кишвар оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ҳамчунин ҳавасмандгардонӣ барои интихоб ва пурра намудани курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Артиши миллӣ дар сохторҳои Кумитаи ТҶММ-и вилояти Хатлон бояд на камтар аз 30 фоизи нақшаи даъвати баҳории соли 2025-ро амалӣ ва маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.
Ҳамзамон, дар доираи Барномаи давлатӣ зиёда аз 300 нафар даъватшавандаҳо дар курсҳои ройгони ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳ зарур таҳсил хоҳанд кард.
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон, дар бораи баланд бардоштани рӯҳияи меҳандӯстиву ватанпарварии ҷавонон чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронида шуда, шиносоии шунавандагони курсҳои ронандагӣ бо шароити хизмат, техникаи ҳарбӣ, қисмҳои низомие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгиранд, пешбинӣ шудааст.