Аҳмадзода: Солҳои охир сафи ихтиёриён, барои пайвастан ба артиш хело зиёд шудааст

© Foto / Пресс-служба главы Согдийской областиГлава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Глава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Обуна шудан
Ахиран раиси вилояти Суғд дар ҷаласае таъкид кард, ки шумори ҷавононе, ки мехоҳанд ихиёран ба сафи артиш пайванданд ба маротиб афзудааст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ахиран дар Суғд бо ҳузури раиси вилоят ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он аз даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилоят.
Дар ин ҷаласа раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар қисмҳои низомии кишвар барои адои хизмати ҳарбӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони бонангу номус ҳамасола ихтиёрӣ барои иҷрои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ изҳори омодагӣ менамоянд.
Дар ҳамин ҳол, комиссари ҳарбии вилоят Умед Солизода дар ҳамин ҷаласа қайд кард, ки аз 1-уми октябр сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Артишии миллӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд ва дар натиҷаи корбарии дурусти масъулин санаи 15-уми ноябр нақшаи даъват пеш аз муҳлат иҷро шуд.
Вай қайд кард, ки бо дастгирии Вазорати мудофиа, мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1500 нафар ҷавонони синни даъватӣ курси ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба итмом расонида, бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд.
Церемония принятия присяги новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Даъват ба артиш анҷом ёфт: Вазорат гуфт, сафи ихтиёрону фарзандони мансабдорон зиёд буд
Раиси вилоят дар ҷаласаи мазкур қайд кард, ки давоми солҳои охир сафи ихтиёриён хело зиёд гардида истодааст, ки ин аз ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон дарак медиҳад.
Раҷаббой Аҳмадзода аз давъати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ натиҷагирӣ намуда, барои пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои даъватӣ ва дар сатҳи баланд ташкил кардани даъвати баҳорӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки дар охири ҷаласа барои хизматҳои шоиста дар амалӣ гардонидани сиёсати давлату Ҳукумат ва саҳми муносиб дар таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ як қатор кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, роҳбарон ва масъулини комиссияи даъвати ҳарбӣ бо Сипосномаи мақомоти вилояти Суғд сарфароз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0