https://sputnik.tj/20250110/artishi-kadom-kishvari-osiyoi-markazi-qudratmand-ast-1065821159.html
Дар Осиёи Марказӣ артиши кадом кишвар қудратманд аст?
Дар Осиёи Марказӣ артиши кадом кишвар қудратманд аст?
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Тоҷикистон дар раддабандии ҷадиди “Global Firepower” (GFP) аз қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, Кирғизистон, Казоқистон ва Туркманистон қафо мондааст
2025-01-10T17:11+0500
2025-01-10T17:11+0500
2025-01-10T18:55+0500
дар тоҷикистон
раддабандӣ
артиши тоҷикистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0a/1043396234_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_85255a0eb9edb64227d6ee278deb3b9f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Сомонаи “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 145 кишвари дунё дар мақоми 108-ум гузоштааст.Соли 2023 Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар мақоми 120 менишаст ва давоми як сол тағйироти назаррасе сурат гирифтааст ва ҷумҳури дар ин радабандӣ 12 зина боло рафтааст.Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Қазоқистон унвон шудааст, ки дар зинаи 57 қарор гирифтааст.Узбекистон дар ҷойи 58-ум, Туркманистон дар зинаи 77, Қирғизистон дар ҷойи 105 ва Афғонистон дар ҷойи 118 қарор гирифтаанд.Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи сеюмро Чин гирифтаанд.Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониё, Фаронса, Ҷопон, Туркия, ва Итолиё дохил мешаванд.Бояд гуфт, ки дар ин радабанди артиши Туркия дар ҷой и 10 қарор гирифтааст, ба гуфтаи бархе аз коршиносон миёни кишварҳои НАТО артиши дувум баъд ИМА мебошад.Дар ин радабандӣ вазъи низомии 145 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудааст. Гузоришгарон ҳангоми тартиб додани феҳраст на танҳо шумораи силоҳ, балки намуд ва қудрати онҳо низ ба назар гирифта шудаанд.Ҳамчунин дар тартиб додани ин радабандӣ мавқеи ҷуғрофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён низ мавриди назар аст.
https://sputnik.tj/20250110/az-khatlon-300-nafar-davatshavandaho-ba-kurshoi-roygon-jalb-meshavand-1065813991.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0a/1043396234_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_3a1d90861759a18d1c0dfbb476fd69c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, артиш, раддабанди, қудратманд, осиёи марказӣ
тоҷикистон, артиш, раддабанди, қудратманд, осиёи марказӣ
Дар Осиёи Марказӣ артиши кадом кишвар қудратманд аст?
17:11 10.01.2025 (Навсозишуда: 18:55 10.01.2025) Артиши Тоҷикистон дар раддабандии ҷадиди “Global Firepower” (GFP) аз қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, Кирғизистон, Казоқистон ва Туркманистон қафо мондааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Сомонаи
“Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 145 кишвари дунё дар мақоми 108-ум гузоштааст.
Соли 2023 Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар мақоми 120 менишаст ва давоми як сол тағйироти назаррасе сурат гирифтааст ва ҷумҳури дар ин радабандӣ 12 зина боло рафтааст.
Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Қазоқистон унвон шудааст, ки дар зинаи 57 қарор гирифтааст.
Узбекистон дар ҷойи 58-ум, Туркманистон дар зинаи 77, Қирғизистон дар ҷойи 105 ва Афғонистон дар ҷойи 118 қарор гирифтаанд.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи сеюмро Чин гирифтаанд.
Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониё, Фаронса, Ҷопон, Туркия, ва Итолиё дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ин радабанди артиши Туркия дар ҷой и 10 қарор гирифтааст, ба гуфтаи бархе аз коршиносон миёни кишварҳои НАТО артиши дувум баъд ИМА мебошад.
Дар ин радабандӣ вазъи низомии 145 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудааст. Гузоришгарон ҳангоми тартиб додани феҳраст на танҳо шумораи силоҳ, балки намуд ва қудрати онҳо низ ба назар гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар тартиб додани ин радабандӣ мавқеи ҷуғрофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён низ мавриди назар аст.