Таҳдиди “Малахи марокашӣ” ба вилояти Хатлон: Ташкили ситоди корӣ барои мубориза

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСаранча. Архивное фото
Саранча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлонро эҳтимоли паҳншавии малахи марокашӣ нигарон кардааст ба ҳамин хотир барои мубориза бар зидди малах ситоди корӣ ташкил кард
ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Ахиран мақомоти вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ вобаста ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа қайд гардид, ки соли ҷорӣ низ эҳтимоли паҳншавии малах дар ноҳияҳои кӯҳистон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, сар аз имрӯз барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳо андешида шавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониаш қайд кард, ки муҳофизати майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин, ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш дод.
Раиси Хатлон зикр кард, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир аз малах ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ таъсис дода шуда, вазифаи ҳар як узви Ситод мушаххас гардида, дар мавсими мубориза бар зидди малах ба камбудиҳои соли гузашта роҳ дода нашавад.
Инчунин, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки барои пурра сафарбар намудани раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, дигар заминистифодабарандагон, инчунин, дар сурати зарурат ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳия, новобаста аз шакли моликият, ба чорабиниҳои мубориза бар зидди малах тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Давлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Бештари сармоя ба вилояти Хатлон аз Русия, Чин ва Эрон ворид шудааст
Ҳамчунин роҳбарони филиалҳои Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб вазифадор шуданд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин мушоҳидаҳои зимистонаро барои муайян намудани мавзеъҳои тухмгузории малах ба анҷом расонанд ва дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин мавзеъҳо ба роҳ монанд.
Мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешавад.
Ситоди мубориза бар зидди малах ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд.
Раиси вилоят аз масъулин хост дар пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.
Лентаи хабарҳо
0