https://sputnik.tj/20250109/nakhi-chipta-malum-oghozi-parvozhoi-tojik-eyr-kulob-panjakent-1065803823.html
Нархи чиптаҳо маълум шуд: Оғози парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба самти Кӯлоб ва Панҷакент
Нархи чиптаҳо маълум шуд: Оғози парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба самти Кӯлоб ва Панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ фаъол мекунад
2025-01-09T12:59+0500
2025-01-09T12:59+0500
2025-01-09T17:43+0500
дар тоҷикистон
"тоҷик эйр"
кӯлоб
панҷакент
парвоз
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102176/57/1021765745_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_ab8c3e35ef39ef7ec884d133777beeab.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳоро дар байни пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ба роҳ мемонад.Тавре ахиран ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар дод, ин ширкат парвозҳояшро дар масири Душанбе – Кӯлоб – Душанбе ва Душанбе – Панҷакент – Душанбе ба роҳ мемонад.Як манбаъ аз ширкати мазкур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвози нахустин аз Душанбе ба Панҷакент санаи 14-уми январ ва Душанбе – Кӯлоб санаи 15-уми январ ба роҳ монда мешавад.Парвозҳое рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе ба нақша гирифта шуда вақти парвоз аз Душанбе соати 9:00 гуфта мешавад. Аз Панҷакент ба Душанбе вақти парвоз соати 10:30 ва аз Кӯлоб бошад соати 10:00 гуфта мешавад.Қайд карда шудааст, ки нархи чиптаи Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ (як тараф) ва Душанбе-Кӯлоб 300 сомонӣ (як тараф) муайян шудааст.Ёдовар мешавем, ки ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ аз анҷоми парвозҳои мунтазам канор мондааст.Қаблан раёсати "Тоҷик Эйр" пешниҳодҳояшро барои эҳёи фаъолияташон ба сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода, ки раиси Шӯрои нозирони ҷамъияти мазкур мебошад, пешниҳод карда буд.Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар доираи нақшаҳои роҳбарият, "Тоҷик Эйр" бо ширкати ҳавопаймоии "Southwind"-и Туркия барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Airbus" ҳамкорӣ ба роҳ мондаст.Дар пайи бозмондани "Тоҷик Эйр" аз парвоз феълан "Сомон Эйр" ягона ширкати тоҷикистонист, ки дар бозори мусофиркашонии ҳавоии дохилию байналмилалӣ фаъолият дорад.
https://sputnik.tj/20240927/tojik-eyr-parvoz-dushanbe-khorugh-1064504319.html
кӯлоб
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102176/57/1021765745_0:0:819:614_1920x0_80_0_0_e3c8f39cbacd168d889bc01b42890fca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, "тоҷик эйр", оғози парвоз, кӯлоб, панҷакент, парвоз, нақлиёт
тоҷикистон, "тоҷик эйр", оғози парвоз, кӯлоб, панҷакент, парвоз, нақлиёт
Нархи чиптаҳо маълум шуд: Оғози парвозҳои “Тоҷик Эйр” ба самти Кӯлоб ва Панҷакент
12:59 09.01.2025 (Навсозишуда: 17:43 09.01.2025) Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанбе хатсайри нави ҳавоӣ фаъол мекунад
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳоро дар байни пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Тавре ахиран ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр” хабар дод, ин ширкат парвозҳояшро дар масири Душанбе – Кӯлоб – Душанбе ва Душанбе – Панҷакент – Душанбе ба роҳ мемонад.
Як манбаъ аз ширкати мазкур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвози нахустин аз Душанбе ба Панҷакент санаи 14-уми январ ва Душанбе – Кӯлоб санаи 15-уми январ ба роҳ монда мешавад.
“Парвозҳо бо ҳавопаймои АН-28 ҳавопаймоӣ ғунҷоишаш барои 17 нафар мусофир роҳандозӣ гардида ҳафтае се маротиба ба роҳ монда мешаванд” – иброз дошт намояндаи “Тоҷик Эйр”.
Парвозҳое рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе ба нақша гирифта шуда вақти парвоз аз Душанбе соати 9:00 гуфта мешавад. Аз Панҷакент ба Душанбе вақти парвоз соати 10:30 ва аз Кӯлоб бошад соати 10:00 гуфта мешавад.
Қайд карда шудааст, ки нархи чиптаи Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ (як тараф) ва Душанбе-Кӯлоб 300 сомонӣ (як тараф) муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ аз анҷоми парвозҳои мунтазам канор мондааст.
Қаблан раёсати "Тоҷик Эйр" пешниҳодҳояшро барои эҳёи фаъолияташон ба сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода, ки раиси Шӯрои нозирони ҷамъияти мазкур мебошад, пешниҳод карда буд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар доираи нақшаҳои роҳбарият, "Тоҷик Эйр" бо ширкати ҳавопаймоии "Southwind"-и Туркия барои ба иҷора гирифтани ду ҳавопаймои "Airbus" ҳамкорӣ ба роҳ мондаст.
Дар пайи бозмондани "Тоҷик Эйр" аз парвоз феълан "Сомон Эйр" ягона ширкати тоҷикистонист, ки дар бозори мусофиркашонии ҳавоии дохилию байналмилалӣ фаъолият дорад.