Беш аз 80 ҳазор муҳоҷир дар соли 2024 аз Русия ихроҷ шудаанд

© SputnikДосмотр пассажиров в аэропорту
Досмотр пассажиров в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Обуна шудан
Хадамоти федеролии иҷрочиёни судии Русия маълумот дар бораи ихроҷи муҳоҷирон аз кишвар барои соли 2024-ро эълон кард
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар соли 2024 беш аз 80 ҳазор муҳоҷир иҷборан аз Русия ихроҷ шудаанд.
Ин маълумотро Хадамоти федеролии иҷрочиёни судии Федератсияи Русия пешниҳод карда, далели онро нақзи қонунгузории муҳоҷират арзёбь намуд.
"То декабри соли 2024 аллакай беш аз 80 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд маҷбуран депорт карда шуданд", - гуфт як манбаи ТАСС.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2023 беш аз 44,2 ҳазор муҳоҷир аз Русия ба 60 кишвари ҷаҳон ихроҷ шудаанд. Дар соли 2022 ин рақам ба беш аз 26,6 ҳазор нафар аз 47 кишвари ыащон баробар буд.
Снятие отпечатков пальцев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2025
Муҳоҷирон изи ангуштро акнун дар тамоми гузаргоҳҳои марзии Русия месупоранд
Қаблан раиси иҷрочии суди Федератсияи Русия Дмитрий Аристов хабар дода буд, ки аз соли 2017 то 2022 ҳудуди 200 ҳазор муҳоҷир барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират ва қонунгузории меҳнат аз Русия ихроҷ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 5 феврали соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия метавонанд мустақилона дар бораи ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави кишвар барои қонуншикании пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул кунанд.
Аз ҷумла, муҳоҷир барои риоя накардани қоидаҳои вуруд, нақзи муқаррароти буду бош ё иқомат дар Русия ихроҷ мешавад. Аз болои қарор дар давоми 10 рӯз аз рӯзи гирифтани он ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Тағйироти дахлдор ба қонунгузории федералӣ дар моҳи августи соли 2024 қабул карда шуданд. Қаблан танҳо додгоҳҳои Русия метавонистанд дар бораи ихроҷи муҳоҷир аз ин кишвар тасмим бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0