https://sputnik.tj/20250104/muhojiron-izi-angusht-guzargoh-marzi-rusiya-1065760998.html
Муҳоҷирон изи ангуштро акнун дар тамоми гузаргоҳҳои марзии Русия месупоранд
Муҳоҷирон изи ангуштро акнун дар тамоми гузаргоҳҳои марзии Русия месупоранд
Sputnik Тоҷикистон
Аз тобистони соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми убури марзи Русия дар ҳамаи гузаргоҳҳо бояд маълумоти биометрӣ пешниҳод намоянд
2025-01-04T17:27+0500
2025-01-04T17:27+0500
2025-01-04T17:27+0500
русия
дар русия
маълумот
изи ангушт
гузаргоҳ
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102282/65/1022826506_0:30:5184:2946_1920x0_80_0_0_ecd6563d06efa0f83be2706c8870c2c5.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Муҳоҷироне, ки вориди хоки Русия мешаванд, акнун бояд изи ангушт ва акси чеҳра супоранд.Тибқи қарори ҳукумати Русия ин қоида аз 30 июни соли 2025 ҳангоми убури сарҳад тавассути ҳама гуна гузаргоҳ амал мекунад.Аммо навоварӣ ба шахсони зерини рабт надорад:Гуфта мешавад, ки барои вуруди бидуни раводид ба Русия муҳоҷирон метавонанд дар барномаи вижа маълумоти биометрии худ, ҳамчунин маълумоти умумӣ ва иттилоъ дар бора ҳадафи сафар пешниҳод намоянд.Ёдовар мешавем, ки 1 декабри соли 2024 дар Русия лоиҳаи озмоиши супурдани маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд. Назорати биометрӣ дар фурудгоҳҳои Маскав - Шереметьево, Домодедово, Внуково ва Жуковский ба кор шурӯъ кард. Лоиҳа ҳамчунин ба гузаргоҳи Маштаковои вилояти Оренбург рабт дорад.Бар асоси тартиби феълии сабти изи ангушт, шаҳрвандони хориҷӣ пас аз ворид шудан ба қаламрави Русия маълумоти биометриро пешниҳод мекунанд.Бо дарназардошти талаботи имрӯза, муҳоҷирон аксар вақт ҷиноят содир мекунанд , иҷбории Русияро тарк мекунанд ва сипас ҳуҷҷатҳои худро иваз карда дубора ба Русия бармегарданд.
https://sputnik.tj/20250104/ikhroji-muhojir-sol-maskav-1065757997.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102282/65/1022826506_144:0:4752:3456_1920x0_80_0_0_372da988a37f1cd617b26ea35820f3e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, марз, биометрӣ, изи ангушт, гузргоҳ, маълумот
русия, муҳоҷират, марз, биометрӣ, изи ангушт, гузргоҳ, маълумот
Муҳоҷирон изи ангуштро акнун дар тамоми гузаргоҳҳои марзии Русия месупоранд
Аз тобистони соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми убури марзи Русия дар ҳамаи гузаргоҳҳо бояд маълумоти биометрӣ пешниҳод намоянд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Муҳоҷироне, ки вориди хоки Русия мешаванд, акнун бояд изи ангушт ва акси чеҳра супоранд.
Тибқи қарори ҳукумати Русия ин қоида аз 30 июни соли 2025 ҳангоми убури сарҳад тавассути ҳама гуна гузаргоҳ амал мекунад.
Аммо навоварӣ ба шахсони зерини рабт надорад:
дипломатҳо ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Русия ва аъзоёни оилаҳои онҳо;
кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки дар Русия аккредитатсия шудаанд ва аъзоёни оилаҳои онҳо.
Гуфта мешавад, ки барои вуруди бидуни раводид ба Русия муҳоҷирон метавонанд дар барномаи вижа маълумоти биометрии худ, ҳамчунин маълумоти умумӣ ва иттилоъ дар бора ҳадафи сафар пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 1 декабри соли 2024 дар Русия лоиҳаи озмоиши супурдани маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд. Назорати биометрӣ дар фурудгоҳҳои Маскав - Шереметьево, Домодедово, Внуково ва Жуковский ба кор шурӯъ кард. Лоиҳа ҳамчунин ба гузаргоҳи Маштаковои вилояти Оренбург рабт дорад.
Бар асоси тартиби феълии сабти изи ангушт, шаҳрвандони хориҷӣ пас аз ворид шудан ба қаламрави Русия маълумоти биометриро пешниҳод мекунанд.
Бо дарназардошти талаботи имрӯза, муҳоҷирон аксар вақт ҷиноят содир мекунанд , иҷбории Русияро тарк мекунанд ва сипас ҳуҷҷатҳои худро иваз карда дубора ба Русия бармегарданд.