https://sputnik.tj/20250108/taqvim-musalmon-sol-2025-1065792570.html
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2025
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2025
Sputnik Тоҷикистон
Идҳои асосии мусалмонон дар соли равон ба моҳҳои марту июн рост омада, оғози моҳи шарифи Рамазон аз 1 март дар назар аст 08.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-08T13:57+0500
2025-01-08T13:57+0500
2025-01-08T13:57+0500
тасвирбаён
мусалмонон
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035407627_284:387:2641:1713_1920x0_80_0_0_0499ecdf08b19f927ec16ef4d4c1ac7f.jpg
Моҳи январ, феврал мусалмонони ҷаҳон шаби меъроҷ ва шаби баротро таҷлил мекунанд.Меъроҷ, ки ба маънои нардбон аст, шаби 26 ба 27 январ таҷлил мешавад. Мусалмонон дар ин сана рафтани Муҳаммади пайғамбар (с) ба осмон ва мулоқӣ шудани ӯ бо Худованд, ки шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ воқеъ гардидааст, ҷашн мегиранд.Дар соли 2025 сокинони Тоҷикистон чӣ гуна кору истироҳат хоҳанд кард?Идҳои асосии мусалмонон соли равон ба моҳҳои март ва июн рост меоянд. Оғози моҳи шарифи Рамазон аз 1 март дар назар буда, таҷлили иди Фитр интизор меравад, ки ба 30 март рост ояд.Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашнӣ аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламои кишвар анҷом медиҳад.Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид рӯзҳои таҷлили Рамазону Қурбон дар ҷумҳурӣ расман таътил мебошанд.Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.Идҳои исломӣ бар асоси солшумории мусалмонӣ таъйин мешаванд, ки аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) бо машварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035407627_468:243:2573:1822_1920x0_80_0_0_1f94fc66671083c2f6edf322516cc126.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, мусалмонон, дин ва оин, инфографика
тасвирбаён, мусалмонон, дин ва оин, инфографика
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2025
Идҳои асосии мусалмонон дар соли равон ба моҳҳои марту июн рост омада, оғози моҳи шарифи Рамазон аз 1 март дар назар аст
Моҳи январ, феврал мусалмонони ҷаҳон шаби меъроҷ ва шаби баротро таҷлил мекунанд.
Меъроҷ, ки ба маънои нардбон аст, шаби 26 ба 27 январ таҷлил мешавад. Мусалмонон дар ин сана рафтани Муҳаммади пайғамбар (с) ба осмон ва мулоқӣ шудани ӯ бо Худованд, ки шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ воқеъ гардидааст, ҷашн мегиранд.
Идҳои асосии мусалмонон соли равон ба моҳҳои март ва июн рост меоянд. Оғози моҳи шарифи Рамазон аз 1 март дар назар буда, таҷлили иди Фитр интизор меравад, ки ба 30 март рост ояд.
Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашнӣ аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламои кишвар анҷом медиҳад.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид рӯзҳои таҷлили Рамазону Қурбон дар ҷумҳурӣ расман таътил мебошанд.
Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.
Идҳои исломӣ бар асоси солшумории мусалмонӣ таъйин мешаванд, ки аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.
Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) бо машварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад.