https://sputnik.tj/20241231/marz-qirghiziston-kay-boz-meshavad-1065737253.html
“Мунтазири дастур ҳастем”: марз бо Қирғизистон кай боз мешавад?
“Мунтазири дастур ҳастем”: марз бо Қирғизистон кай боз мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон сабаби ҳамоно баста мондани гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистонро гуфтанд 31.12.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-12-31T15:59+0500
2024-12-31T15:59+0500
2024-12-31T16:07+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Дар оғози моҳи декабр ҷонибҳо эълон дошта буданд, ки раванди делимитатсия ва демаркатсия ниҳоӣ шудааст. Дар мақомоти гумруку марзбони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири хулосаи Комиссияи делимитатсия ва демаркатсия ва дастур аз ҳукумат нишастаанд.Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки 4 декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон дар пайи мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев аломатгузорӣ ва таъйини марзии қитъаҳои боқимондаи марзи миёни ду кишвар ба анҷом расидааст. Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ шарҳи расмие дар бораи ҷузъиёти ин тавофуқ ба нашр нарасондааст. Жеенебек Кулубаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон ба расонаҳо гуфтааст, ки гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар фақат пас аз ниҳоӣ шудани асноди ҳуқуқӣ боз хоҳанд шуд. Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин тараф вуҷуд дошт. Дар ин миён баҳсҳо ба даргириҳои мусаллаҳон низ мунҷар шуданд, ки дар онҳо нерӯҳои мусаллаҳи ду давлат низ ширкат карда, талафони ҷонӣ низ дар пай доштанд.
https://sputnik.tj/20241204/masalai-marzi-tojikiston-qirghitziston-hal-shud-1065368579.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, сиёсат
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, сиёсат
“Мунтазири дастур ҳастем”: марз бо Қирғизистон кай боз мешавад?
15:59 31.12.2024 (Навсозишуда: 16:07 31.12.2024) Эксклюзив
Мақомоти Тоҷикистон сабаби ҳамоно баста мондани гузаргоҳҳои марзӣ бо Қирғизистонро гуфтанд
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Дар оғози моҳи декабр ҷонибҳо эълон дошта буданд, ки раванди делимитатсия ва демаркатсия ниҳоӣ шудааст.
Дар мақомоти гумруку марзбони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири хулосаи Комиссияи делимитатсия ва демаркатсия ва дастур аз ҳукумат нишастаанд.
“Ҳар замон ки дастур шуд, мо даст ба кор хоҳем шуд. Тамоми зерсохторҳои марзбонӣ ва гумрукӣ ва дигар ниҳодҳо омодаи фаъолият ҳастанд”, - гуфтанд масъулини ин ниҳодҳо.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки 4 декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон дар пайи мулоқоти ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев аломатгузорӣ ва таъйини марзии қитъаҳои боқимондаи марзи миёни ду кишвар ба анҷом расидааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол ҳеҷ шарҳи расмие дар бораи ҷузъиёти ин тавофуқ ба нашр нарасондааст.
Жеенебек Кулубаев, вазири умури хориҷии Қирғизистон ба расонаҳо гуфтааст, ки гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар фақат пас аз ниҳоӣ шудани асноди ҳуқуқӣ боз хоҳанд шуд.
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин тараф вуҷуд дошт. Дар ин миён баҳсҳо ба даргириҳои мусаллаҳон низ мунҷар шуданд, ки дар онҳо нерӯҳои мусаллаҳи ду давлат низ ширкат карда, талафони ҷонӣ низ дар пай доштанд.