Дар Тоҷикистон то охири ҳафта хавфи тармафароӣ боқӣ мемонад

CC BY-SA 3.0 / Scientif38 / Снежная лавина, архивное фото
Снежная лавина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2025
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, бинобар ҳавои нисбатан гарм хавфи фаромадани тарма, сангрезӣ ва лағзиши замин ҷой дорад
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон то охири ҳафтаи равон ҳавои нисбатан гарм боқӣ мемонад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, чунин вазъи ҳаво хатарнок буда, ҳолатҳои фаромадани тарма, сангрезӣ ва лағзиши замин зиёд хоҳад шуд.
Илова бар ин, то охири ҳафта фаромадани тумани ғавс низ пешгӯӣ мешавад, ки барои ронандагон ниҳоят хатарнок аст.
Сход лавины. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2024
Дар Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ниҳоят эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат, суръати мошин ва фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Тавсия дода шд, ки қабл аз сафар мошинро бори дигар бояд аз назар гузаронд ва чархҳои тобистонаро ҳатман ба шинаҳои зимистона иваз кард.
Кумита ба сокинони доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистон муроҷиат карда, аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро ба ҳезумчинӣ нафиристанд ва ба мавсими мувофиқ либос бипӯшанд.
Лентаи хабарҳо
0