https://sputnik.tj/20250106/mirzonabot-az-zanburiasalparvari-dar-vmkb-izhori-nigaroni-kard-1065767676.html
Мирзонабот аз занбӯриасалпарварӣ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ кард
Мирзонабот аз занбӯриасалпарварӣ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди раиси ВМКБ, зарфиятҳои мавҷуда дар вилоят хеле зиёданд, аммо то ҳол ба пуррагӣ истифода нашудаанд 06.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-06T11:43+0500
2025-01-06T11:43+0500
2025-01-06T11:43+0500
дар тоҷикистон
вмкб
асал
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/73/1028937300_0:146:3110:1895_1920x0_80_0_0_22f79b39f02988743ab46aa29ea3b8f3.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли гузашта 63,4 тон асал истеҳсол шудааст. Соли 2023 ин рақам ба 56,3 тон баробар буд.Ҳарчанд истеҳсоли асал ба фарқ аз соли 2023мкаме зиёд бошад ҳам, вале раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз фаъолияти занбӯриасалпарварон норизо аст.Ба таъкиди ӯ, дар вилоят зарфиятҳои мавҷуда зиёданд, вале то ҳол ба пуррагӣ аз онҳо истифода намешавад.Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки "то ҳол занбӯриасалпарварони соҳибтаҷриба дар ВМКБ кам буда, феълан ҳамагӣ дар ҳудуди вилоят 8, 8 ҳазор қуттии занбӯри асал мавҷуд аст".Мирзонабот таъкид намуд, ки теъдоди оилаҳои занбӯри асал сол то сол зиёд шуда истодааст ва ин натиҷа барои вилояти калон хеле кам аст. Маврид ба зикр аст, ки занбӯриасалпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳиму манфиатбахши истеҳсолоти кишоварзӣ дар мамлакат буда, дар шароити иқлими мусоиди ВМКБ барои рушди ҳамаҷонибаи он имкониятҳои васеъ мавҷуданд.Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд низ бинобар сироят шудани занбӯрҳо ҳосили асал кам ба даст омад.
https://sputnik.tj/20241005/ofati-zambur-asalparvaron-tojik-kohishyobii-hosil-guftand-video-1064597678.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/73/1028937300_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_779562b8f1ac7b47f17afd4db3166b52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, асал, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, вмкб, асал, иҷтимоъ
Мирзонабот аз занбӯриасалпарварӣ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ кард
Ба таъкиди раиси ВМКБ, зарфиятҳои мавҷуда дар вилоят хеле зиёданд, аммо то ҳол ба пуррагӣ истифода нашудаанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли гузашта 63,4 тон асал истеҳсол шудааст. Соли 2023 ин рақам ба 56,3 тон баробар буд.
Ҳарчанд истеҳсоли асал ба фарқ аз соли 2023мкаме зиёд бошад ҳам, вале раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз фаъолияти занбӯриасалпарварон норизо аст.
Ба таъкиди ӯ, дар вилоят зарфиятҳои мавҷуда зиёданд, вале то ҳол ба пуррагӣ аз онҳо истифода намешавад.
Раиси вилоят аз он изҳори нигаронӣ кард, ки "то ҳол занбӯриасалпарварони соҳибтаҷриба дар ВМКБ кам буда, феълан ҳамагӣ дар ҳудуди вилоят 8, 8 ҳазор қуттии занбӯри асал мавҷуд аст".
Мирзонабот таъкид намуд, ки теъдоди оилаҳои занбӯри асал сол то сол зиёд шуда истодааст ва ин натиҷа барои вилояти калон хеле кам аст.
"Барои рушди ин соҳа теъдоди зиёди замбуриасалпарварон лозим", - таъкид намуд раиси вилоят зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандони соҳаҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва замбӯриасалпарварӣ.
Маврид ба зикр аст, ки занбӯриасалпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳиму манфиатбахши истеҳсолоти кишоварзӣ дар мамлакат буда, дар шароити иқлими мусоиди ВМКБ барои рушди ҳамаҷонибаи он имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд низ бинобар сироят шудани занбӯрҳо ҳосили асал кам ба даст омад.