https://sputnik.tj/20241005/ofati-zambur-asalparvaron-tojik-kohishyobii-hosil-guftand-video-1064597678.html
Офати замбурҳо: Асалпарварони тоҷик дар бораи коҳишёбии ҳосил гуфтанд – видео
Офати замбурҳо: Асалпарварони тоҷик дар бораи коҳишёбии ҳосил гуфтанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Замбурпарварон мегуянд, бо вуҷуди боронҳои пайдарпайи баҳори имсол, ки дар қиёс ба соли қаблӣ кӯҳу саҳроҳо пур аз гулу гиёҳҳо буд дуруст асали тоза ба даст наовардаанд
2024-10-05T16:53+0500
2024-10-05T16:53+0500
2024-10-05T16:53+0500
видео
асал
суғд
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064597390_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_9a9e58dd43f88c8ac15e0b21bdad96bb.jpg
Соли ҷорӣ беморие замбурҳоро сироят кард ва ба ин ҳол ҳосили асал ҳам кам шуд.Коршиносони ин соҳа маълум намудаанд, ки ин навъи беморӣ гнилесси аврӯпоӣ буда, тавассути ҳаво замбурҳоро сироят намудааст.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо чанд замбурпарвар дар вилояти Суғд перомуни ин вазъ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.Абдусаттор Ҷалилов, замбурпарвар, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин навъи беморӣ замбурҳоро аз пой дарафтода ва дар ниҳоят нобуд кардааст.Дигар замбурпарварон ҳам дар бораи ин вазъ изҳор мекунанд.Занони Мастчоҳи Кӯҳӣ аз замбурпарварӣ даромад мегиранд – видеоАмирҷон Ҳабибов, яке дигар аз замбурпарварони суғдӣ мегуяд, дар таҷрибаи бисёрсолаи кораш бори аввал чунин бемории замбурҳоро мушоҳида мекунад.Ӯ, гуфт, соли ҷорӣ ба фарқ аз соли қаблӣ ҳама ҷо пур аз сабзаву гулу гиёҳ буд, аммо хуруҷи ин беморӣ ба кори онҳо таъсири амиқи манфӣ расонд ва асалгирӣ коҳиш ёфт.“Ин беморӣ тавре замбурҳоро камфаъол мекунад, ки асали аз табиат овардаашонро худашон дар ромҳо мехуранд ва замбурпарвар онро аз дохили ром берун кашида наметавонад. Зеро вақте замбурҳо касал шаванд, маҳсули асалдиҳиашон кам мешавад” – зикр кард, Ҳабибов.Ин мусоҳиби мо мегуяд, то ин вақт чанд навъ вакинаҳоро зидди ин бемории замбурҳоро истифода кардаанд вале то ҳол вазъи сиҳатии замбурҳоро комилан беҳбуд наёфтааст.Дар Тоҷикистон моҳҳои июну август мавсими аслии асалгирӣ маҳсуб мешавад. Аммо хуруҷи ин беморӣ, боиси коҳишёбии ҳосили замбур шуда ва ба ин ҳол ба нархи ин ғизои аз ҳама ширин бетаъсир намондааст.Тоҷикистон тавлидоти асалро ба 14 ҳазор тон расонданистБино ба мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло дар мағозаву фурӯшгоҳҳои Суғд нархи 1 кг асали тоза ба 100 – 120 сомонӣ баланд шудааст. То ин вақт нархи асал ҳамагӣ 80 – 100 сомонӣ дар фурӯш буд.Бар пояи омори Идораи кишоварзии Суғд соли қаблӣ замбурпарварон дар шимоли Тоҷикистон беш аз 1500 тон асал ба даст оварда буданд.Соҳибкорону тоҷирон асалро барои фурӯш дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар содир мекунанд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064597390_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_5256b93be28a86f7944393389ff0b99d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, суғд, асалпарварӣ, зармбурпарварон, гулу гиёҳ, асали тоза
видео, суғд, асалпарварӣ, зармбурпарварон, гулу гиёҳ, асали тоза
Офати замбурҳо: Асалпарварони тоҷик дар бораи коҳишёбии ҳосил гуфтанд – видео
Замбурпарварон мегуянд, бо вуҷуди боронҳои пайдарпайи баҳори имсол, ки дар қиёс ба соли қаблӣ кӯҳу саҳроҳо пур аз гулу гиёҳҳо буд дуруст асали тоза ба даст наовардаанд
Соли ҷорӣ беморие замбурҳоро сироят кард ва ба ин ҳол ҳосили асал ҳам кам шуд.
Коршиносони ин соҳа маълум намудаанд, ки ин навъи беморӣ гнилесси аврӯпоӣ буда, тавассути ҳаво замбурҳоро сироят намудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо чанд замбурпарвар дар вилояти Суғд перомуни ин вазъ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Абдусаттор Ҷалилов, замбурпарвар, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин навъи беморӣ замбурҳоро аз пой дарафтода ва дар ниҳоят нобуд кардааст.
“Таъсири беморӣ он қадар шадид аст, ки модарзамбур тухм мегузорад, аммо он инкишоф наёфта тосид. Ҳамин сабаб шуд, ки замбурҳо шумораашон якбора кам шуду ҳаҷми асалгирӣ ҳам коҳиш ёфт” – изҳор намуд, асалпарвар.
Дигар замбурпарварон ҳам дар бораи ин вазъ изҳор мекунанд.
Амирҷон Ҳабибов, яке дигар аз замбурпарварони суғдӣ мегуяд, дар таҷрибаи бисёрсолаи кораш бори аввал чунин бемории замбурҳоро мушоҳида мекунад.
Ӯ, гуфт, соли ҷорӣ ба фарқ аз соли қаблӣ ҳама ҷо пур аз сабзаву гулу гиёҳ буд, аммо хуруҷи ин беморӣ ба кори онҳо таъсири амиқи манфӣ расонд ва асалгирӣ коҳиш ёфт.
“Ин беморӣ тавре замбурҳоро камфаъол мекунад, ки асали аз табиат овардаашонро худашон дар ромҳо мехуранд ва замбурпарвар онро аз дохили ром берун кашида наметавонад. Зеро вақте замбурҳо касал шаванд, маҳсули асалдиҳиашон кам мешавад” – зикр кард, Ҳабибов.
Ин мусоҳиби мо мегуяд, то ин вақт чанд навъ вакинаҳоро зидди ин бемории замбурҳоро истифода кардаанд вале то ҳол вазъи сиҳатии замбурҳоро комилан беҳбуд наёфтааст.
“Инро як офати замбурҳо гуфтан мумкин аст, ки агар худи табиат, табобат накунад, истифодаи ваксинаҳо натиҷа надод” – иброз намуд, замбурпарвар.
Дар Тоҷикистон моҳҳои июну август мавсими аслии асалгирӣ маҳсуб мешавад. Аммо хуруҷи ин беморӣ, боиси коҳишёбии ҳосили замбур шуда ва ба ин ҳол ба нархи ин ғизои аз ҳама ширин бетаъсир намондааст.
Бино ба мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳоло дар мағозаву фурӯшгоҳҳои Суғд нархи 1 кг асали тоза ба 100 – 120 сомонӣ баланд шудааст. То ин вақт нархи асал ҳамагӣ 80 – 100 сомонӣ дар фурӯш буд.
Бар пояи омори Идораи кишоварзии Суғд соли қаблӣ замбурпарварон дар шимоли Тоҷикистон беш аз 1500 тон асал ба даст оварда буданд.
Соҳибкорону тоҷирон асалро барои фурӯш дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар содир мекунанд.