https://sputnik.tj/20250106/eroni-pizishkiyon-safar-tojikiston-rusiya-1065770553.html
Мақомдори эронӣ: Пизишкиён баъд аз сафар ба Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт
Мақомдори эронӣ: Пизишкиён баъд аз сафар ба Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт
Sputnik Тоҷикистон
Мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон ахиран эълон кард, ки Масъуд Пизишкиён ба наздикӣ Тоҷикистон ва Русия сафар хоҳад кард
2025-01-06T12:59+0500
2025-01-06T12:59+0500
2025-01-06T12:59+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
русия
раисҷумҳур
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065350681_0:0:3227:1816_1920x0_80_0_0_2e924cb317b5f0330ddd4cc419ffe035.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Меҳди Саноӣ, мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон аз сафари Масъуд Пизишкиён президенти Ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон ва Русия хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “ИРНА”.Ба гуфтаи оқои Саноӣ дар ин дидорҳо асноди мутаъаддидӣ ба манзури густариши равобит имзо мешавад.“Даъватномаҳое низ аз оқои Владимир Путин ва оқои Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуда ва авохири даймоҳ (миёнаи моҳи январ) ба Тоҷикистон ва Русия сафар мекунад. Асноди мутаъаддиде ба манзури густариши равобит имзо мешавад”,- гуфт мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон.Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълом кард, ки ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.Бодя қайд кард, ки бори ахир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот карда буд.
https://sputnik.tj/20250105/hayati-buzurg-tojironi-eron-tojikiston-ozim-meshavand-1065761812.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065350681_308:0:3039:2048_1920x0_80_0_0_1e0db783a269b6967793c374e5a4915c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, русия, пизишкиён, сафар, ҳамкорӣ, санад, имзо
тоҷикистон, эрон, русия, пизишкиён, сафар, ҳамкорӣ, санад, имзо
Мақомдори эронӣ: Пизишкиён баъд аз сафар ба Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт
Мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон ахиран эълон кард, ки Масъуд Пизишкиён ба наздикӣ Тоҷикистон ва Русия сафар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Меҳди Саноӣ, мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон аз сафари Масъуд Пизишкиён президенти Ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон ва Русия хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “ИРНА”.
Ба гуфтаи оқои Саноӣ дар ин дидорҳо асноди мутаъаддидӣ ба манзури густариши равобит имзо мешавад.
“Даъватномаҳое низ аз оқои Владимир Путин ва оқои Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуда ва авохири даймоҳ (миёнаи моҳи январ) ба Тоҷикистон ва Русия сафар мекунад. Асноди мутаъаддиде ба манзури густариши равобит имзо мешавад”,- гуфт мушовири сиёсии раисҷумҳури Эрон.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълом кард, ки ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.
Бодя қайд кард, ки бори ахир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот карда буд.