https://sputnik.tj/20250105/hayati-buzurg-tojironi-eron-tojikiston-ozim-meshavand-1065761812.html
Ҳайати бузурги тоҷирони Эрон озими Тоҷикистон мешаванд
Ҳайати бузурги тоҷирони Эрон озими Тоҷикистон мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамзамон бо сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, як ҳайати тиҷорӣ бо раёсати раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон дар рӯзҳои ба Душанбе меоянд
2025-01-05T10:26+0500
2025-01-05T10:26+0500
2025-01-05T10:26+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
тоҷирон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар доираи сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ҳамзамон 15-16 январи соли равон як ҳайати бузурги тоҷирони эронӣ вориди шаҳри Душанбе мешаванд, иттилоъ додааст утоқи бозаргонии Эрон.“Дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар ва бо ҳамкории созмони тавсеаи тиҷорат, ҳайатии тиҷории муташаккил аз ширкатҳои тавонманд, ба сарпарастии Самад Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонии Эрон вориди шаҳри Душанбеи Тоҷикистон мешаванд”, - қайд кардааст манбаъ.Барномаҳои пешбинишудаи шомили баргузарии ҳамоиш ва нишастҳои тиҷорӣ ва B2B дар шаҳри Душанбе бо ҳузури ширкатҳо ва мақомоти Тоҷикистон, боздид аз марокизи тиҷорӣ ва санъатӣ, баргузории нишаст дар сифорати Эрон хоҳад буд.Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълом кард, ки ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.
https://sputnik.tj/20250104/nakhusti-safari-rasmii-raisjumhuri-eron-tojikiston-1065759888.html
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорат, ҳайат, душанбе, сафар, бизнес форум
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тиҷорат, ҳайат, душанбе, сафар, бизнес форум
Ҳайати бузурги тоҷирони Эрон озими Тоҷикистон мешаванд
Ҳамзамон бо сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, як ҳайати тиҷорӣ бо раёсати раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон дар рӯзҳои ба Душанбе меоянд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар доираи сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ҳамзамон 15-16 январи соли равон як ҳайати бузурги тоҷирони эронӣ вориди шаҳри Душанбе мешаванд, иттилоъ додааст утоқи бозаргонии Эрон.
“Дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар ва бо ҳамкории созмони тавсеаи тиҷорат, ҳайатии тиҷории муташаккил аз ширкатҳои тавонманд, ба сарпарастии Самад Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонии Эрон вориди шаҳри Душанбеи Тоҷикистон мешаванд”, - қайд кардааст манбаъ.
Барномаҳои пешбинишудаи шомили баргузарии ҳамоиш ва нишастҳои тиҷорӣ ва B2B дар шаҳри Душанбе бо ҳузури ширкатҳо ва мақомоти Тоҷикистон, боздид аз марокизи тиҷорӣ ва санъатӣ, баргузории нишаст дар сифорати Эрон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълом кард, ки ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.