https://sputnik.tj/20250105/tojikiston-omuzgoron-rusiya-ehtiyoj-dorad-1065765323.html
Тоҷикистон ба омӯзгорон аз Русия эҳтиёҷ дорад
Тоҷикистон ба омӯзгорон аз Русия эҳтиёҷ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар Тоҷикистон соли 2017 роҳандозӣ шуда, натиҷаи хуб нишон дод, гуфт раиси Россотрудничество 05.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-05T14:59+0500
2025-01-05T14:59+0500
2025-01-05T14:59+0500
дар тоҷикистон
русия
маориф
омӯзгор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/05/1064998984_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_f6e7e50e1996ce2c9cb1cd0f76d10c82.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон лозим аст, ки аз Русия боз ҳам бештар омӯзгоронро даъват кунанд.Дар ин бора раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар ҷумҳурӣ худро хуб нишон дод.Раиси Россотрудничество ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон ин лоиҳа соли 2017 роҳандозӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, сол то сол шумораи бештари омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон меоянд ва ҳоло теъдоди онҳо аз 100 нафар беш аст.Вай афзуд, ин тарҳ тамоми кишварро фаро мегирад ва зарурати фиристодани омӯзгорон ба як минтақаи мушаххасро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муайян мекунад.Қаблан раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки ба кӯдакони синни томактабӣ забони русӣ омӯзонида шаванд. Дар Тоҷикистон тақрибан дар 4,5 ҳазор мактаби миёна таълими забони русӣ сурат мегирад.Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби Русия панҷ мактаби муосир сохта ва ба истифода дода шуд.Илова бар ин, чанде пеш Русия нахустин Маркази таҳсилоти иловагиро дар Душанбе ифтитоҳ кард.
https://sputnik.tj/20250105/dovtalabon-tojik-donishgoh-rusiya-tavajjuh-ziyod-dorand-1065764563.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/05/1064998984_271:0:1231:720_1920x0_80_0_0_a787fda296cfebe544ec807d5655ae4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, маориф, омӯзгор
дар тоҷикистон, русия, маориф, омӯзгор
Тоҷикистон ба омӯзгорон аз Русия эҳтиёҷ дорад
Лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар Тоҷикистон соли 2017 роҳандозӣ шуда, натиҷаи хуб нишон дод, гуфт раиси Россотрудничество
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон лозим аст, ки аз Русия боз ҳам бештар омӯзгоронро даъват кунанд.
Дар ин бора раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" дар ҷумҳурӣ худро хуб нишон дод.
Раиси Россотрудничество ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон ин лоиҳа соли 2017 роҳандозӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, сол то сол шумораи бештари омӯзгорон аз Русия ба Тоҷикистон меоянд ва ҳоло теъдоди онҳо аз 100 нафар беш аст.
"Чун аз фикру мулоҳизаҳои ҳам мудирони мактабҳо ва ҳам раҳбарони системаи маорифи Тоҷикистон мешунавем, ниёз ба маротиб бештар аст, хоҳиши ҷалби омӯзгорони зиёд вуҷуд дорад. Албатта, ниёзи хоса ба чунин омӯзгорон дар макотиби дурдаст вуҷуд дорад", - гуфт Патрушев.
Вай афзуд, ин тарҳ тамоми кишварро фаро мегирад ва зарурати фиристодани омӯзгорон ба як минтақаи мушаххасро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муайян мекунад.
Қаблан раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки ба кӯдакони синни томактабӣ забони русӣ омӯзонида шаванд.
Дар Тоҷикистон тақрибан дар 4,5 ҳазор мактаби миёна таълими забони русӣ сурат мегирад.
Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби Русия панҷ мактаби муосир сохта ва ба истифода дода шуд.
Илова бар ин, чанде пеш Русия нахустин Маркази таҳсилоти иловагиро дар Душанбе ифтитоҳ кард.