Довталабони тоҷик ба донишгоҳҳои Русия таваҷҷӯҳи зиёд доранд

© Foto / Русский дом в ТаджикистанеЦентр допобразования Россотрудничества открылся в Душанбе
Центр допобразования Россотрудничества открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2025
Обуна шудан
Довталабони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия асосан тибб, муҳандисӣ ва фановариҳои иттилоотиро зиёд интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Довталабони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия беш аз 2 ҳазор дархост пешниҳод кардаанд.
Маъракаи қабул то 15 январ идома дорад, аммо шумораи довталабон аллакай аз квота 2 маротиба зиёдтар аст.
Дар ин бора Андрей Патрушев, раиси Россотрудничество дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.

"Тақсимоти ҷуғрофӣ чунин аст: Маскав, Санкт-Петербург, Қазон. Аммо фикру мулоҳизаҳо аз хатмкунандагони донишгоҳҳои Сибир, Урал ва дигар минтақаҳо нишон медиҳанд, ки таълим дар он донишгоҳҳо бад нест ва дар баъзе равияҳо ҳатто аз донишгоҳҳои пойтахт беҳтар аст", - қайд кард Патрушев.

Зимнан, ба таъкиди ӯ, равияҳое чун тибб, муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар миёни ҷавонони тоҷик аз серталаботтаринанд.
Илова бар ин, довталабон мехоҳанд аз рӯи ихтисосҳои вобаста ба хоҷагии қишлоқ, илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла муносибатҳои байналхалқӣ, идоракунӣ ва ихтисосҳои эҷодӣ таҳсил кунанд.
Таджикские студенты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Путин ваъда дод, ки квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик афзоиш хоҳад ёфт
Раиси намояндагии Россотрудничество ёдовар шуд, ки довталабон метавонанд тариқи озмун ба донишгоҳҳои Русия ба таври умумӣ ва ҳамчунин ба филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон дохил шаванд.
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, омодагии худро барои афзоиши квотаи донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия эълон карда буд.
Дар ҳоли ҳозир барои довталабони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҳазор вкота ихтисос дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0