Коршинос таваҷҷӯҳи Тоҷикистонро ба ширкат дар ИИАО пешгӯӣ мекунанд: видео

Обуна шудан
Тоҷикистон дар равандҳои ҳамгироӣ фаъол аст ва афзоиши таваҷҷуҳ ба ИИАО-ро бояд интизор шуд, мегӯяд иқтисоддони рус
Дар соли 2025 метавон изҳори возеҳи таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) интизор шуд.
Дар ин бора иқтисоддон Ренат Карамурзов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ибрози назар кард.
Тоҷикистон чун як кишвари Осиёи Марказӣ ба таври анъанавӣ дар шаклҳои гуногуни ҳамгироӣ фаъолона иштирок мекунад. Масалан, ҳамон БРИКС, ки ҳар сол бештари аъзои он дорад, таваҷҷӯҳи бисёре аз ширкаткунандагонро бештар мекунад.
Таҳлилгар таъкид кард, ки пас аз Русия ва Чин ин ҳамкориҳо таҳким меёбад ва инро рад кардан мумкин нест.
"Ба ин маъно, ИИАО ба як платформаи ҷолибтар табдил меёбад, ки аз ҷумла, мавқеи Тоҷикистонро дар дигар форматҳои ҳамгироӣ таҳким ва тақвият хоҳад дод. Аз ин рӯ, мо бояд ҳадди ақал пурзӯр шудани амалҳоро дар ин ҷо интизор шавем", - таъкид намуд Карамурзов.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин сӯ масъалаи мувофиқ будани пайвастани ин кишвар ба ИИАО -ро баррасӣ мекунад.
Лукашенко: Соли 2025 барои ИИАО соли муҳим хоҳад буд
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст.
Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.
Чаро ҳамкории Тоҷикистон бо ИИАО манфиатовар аст? Ҷавоб ба ин ва дигар саволҳоро аз видео Sputnik Тоҷикистон метавонед пайдо кард.
Лентаи хабарҳо
0