https://sputnik.tj/20250104/nakhusti-safari-rasmii-raisjumhuri-eron-tojikiston-1065759888.html
Нахустин сафари расмии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Нахустин сафари расмии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
2025-01-04T13:59+0500
2025-01-04T13:59+0500
2025-01-05T11:28+0500
дар тоҷикистон
эрон
раисҷумҳур
президент
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064889536_0:60:1601:960_1920x0_80_0_0_6874e5d6d8dab655b9936609e3c45175.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар оғози соли нави милодӣ ба Тоҷикистон меояд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомлӣ хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.Маврид ба зикр аст, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро барои боздид аз Душанбе дар номаи табрикияш ва дидорашон даъват карда буд.Ёдовар мешавем, ки бори ахир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот карда буд.Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон омодааст минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешад.Кишвардори Эрон дар ин дидор низ, густариши муносиботу ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсати хориҷии ҳукуматаш донист.
https://sputnik.tj/20240908/pizishkiyon-rahmon-tojikiston-avlaviyat-siyosat-khoriji-eron-1064242222.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1c/1064889536_120:0:1479:1019_1920x0_80_0_0_476fa23a1333be3fa01452528c0c2fb2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, тоҷикистон, пизишкиён, сафар, душанбе, президент, сафари корӣ
эрон, тоҷикистон, пизишкиён, сафар, душанбе, президент, сафари корӣ
Нахустин сафари расмии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
13:59 04.01.2025 (Навсозишуда: 11:28 05.01.2025) Ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар оғози соли нави милодӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомлӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро барои боздид аз Душанбе дар номаи табрикияш ва дидорашон даъват карда буд.
Ёдовар мешавем, ки бори ахир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот карда буд.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон омодааст минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешад.
Кишвардори Эрон дар ин дидор низ, густариши муносиботу ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсати хориҷии ҳукуматаш донист.