Путин ваъда дод, ки квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик афзоиш хоҳад ёфт

© Foto / Пресс-служба ЮУрГУТаджикские студенты. Архивное фото
Таджикские студенты. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки кишвараш омодааст квотаҳоро барои донишҷӯёни тоҷик ва омӯзгорони рус дар ҷумҳуриро зиёд кунад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо кишвардори Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург омодагии худро барои афзоиши квота барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия эълом кард.
"Мехоҳам таваҷҷуҳи худро ба филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ҷалб намоям, ки ба тоҷикистониён барои таҳсил дар Русия аз ҳама зиёд квотаҳо дода шудааст. Мо омодаем боз дар ояндаи квотаро зиёд намоем", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин ваъда дод, ки кишвараш шумори омӯзгорони рус дар Тоҷикистонро афзоиш хоҳад дод.
Путин гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон 72 омӯзгори рус фаъолият мекунанд ва аз соли оянда теъдоди онҳо ба 82 нафар хоҳад расид.
"Ман медонам, ки шумо ҳамеша моро барои ин танқид мекунед - барои он ки муаллимони русӣ хеле каманд ва китобҳои дарсӣ кофӣ нест, ман комилан бо шумо розиам”, - гуфт Путин ба Раҳмон.
Президент Владимир Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Путин: Тоҷикистон муттаҳиди қобили эътимод барои Русия аст
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ қайд кард, ки қариб дар 4,5 ҳазор мактабҳои миёнаи Тоҷикистон забони русӣ дарс дода мешавад.
“Мо худамон дар муассисаҳо, қариб дар 4,5 ҳазор мактаби миёна забони русиро меомӯзем", - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, дар ҷумҳурӣ омӯзгорон ҳастанд, вале мо бояд такмили ихтисос ва сифати таълимро беҳтар кунем.
Дар соли 2022 руасои ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон якҷо ба таври маҷозӣ дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон панҷ мактаби русиро ифтитоҳ карданд.
Лентаи хабарҳо
0