https://sputnik.tj/20241213/tolibon-dar-muboriza-bo-terrorizm-az-kishvarhoi-hamsoya-kumak-khost-1065501878.html
Толибон* дар мубориза бо терроризм аз кишварҳои ҳамсоя кумак хостанд
Толибон* дар мубориза бо терроризм аз кишварҳои ҳамсоя кумак хостанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи ҳукумати феълии Афғонистон дар симои Толибон* аз кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо ДОИШ** кумак хост
2024-12-13T13:11+0500
2024-12-13T13:11+0500
2024-12-13T19:52+0500
афғонистон
кӯмак
толибон
осиёи марказӣ
дар ҷаҳон
терроризм
мубориза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064592931_0:122:3121:1878_1920x0_80_0_0_081a2f0e2c122b8e76562da5e7fbd743.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақӣ гуфт, кишварҳои ҳомии ДИИШ** дар оташи паноҳ додан ба ин гурӯҳ хоҳанд сӯхт, иттилоъ додааст "Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон".Оқои Муттақӣ дар маросими хоксупории Халилулраҳмон Ҳаққонӣ бо ишора ба решаи берунии ҳамалоти ДОИШ** дар Афғонистон, гуфт аз ҳар ҳафт ҳамлаи ДОИШ**-иҳо дар кишвар, шаш маврид дар хориҷи кишвари барномаи резӣ шудааст.Муттақӣ бо интиқоди тунд аз ҳомиёни ДОИШ , гуфт ки мо аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя мехоҳем, чашми худро бар ин золимон ( террористҳои ДОИШ**) набанданд.Вай ҳушдор дод, ки ин гуруҳ на танҳо барои Афғонистон балки барои шумо низ музиранд.“Ба онҳо паноҳ надиҳед ва аз онҳо ҳимоят накунед. Дар ин оташ, ҳама хоҳанд сӯхт”, - қайд кард оқои Муттақӣ.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш гурӯҳи террористии ДОИШ** масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи вазири умури муҳоҷират ва удват кунандагон бар уҳда гирифт.Ҳаққонӣ чаҳоршанбе дар инфиҷоре дар назди вазорати умури муҳоҷирин ва удваткунандагон Толибон* кушта шуд.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Х навишта, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ дар як ҳамлаи "ноҷавонмардонаи хавориҷ" кушта шудааст.Халилулраҳмон Ҳаққонӣ мутаваллиди соли 1966 дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон буд. Ӯ падарамаки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохилаи Толибон* бародари бунёнгузори шабакаи Ҳаққонӣ, Ҷалолиддини Ҳаққонӣ буд.Ҷалолиддин Ҳаққонӣ аз фармондиҳони аршади муҷоҳидин дар баробари Шуравӣ дар даҳаи 1980 шинохта мешуд.Аз ибтидои эъломи кабинаи ҳукумати Толибон* пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон Халилулраҳмон Ҳаққонӣ ба унвони вазири умури муҳоҷирин ва удваткунандагон таъйин шуд, ки то замони кушта шуданаш дар ин вазифа боқии монда буд.*-гӯруҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад**-созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20241212/malumi-shud-ki-vaziri-nomdori-tolibonro-ki-kusht-1065485535.html
афғонистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064592931_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_0cac47c81341b91e98a01d9931c54ec0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, терроризм, кумак, кишварҳои ҳамсоя, мубориза, толибон
афғонистон, терроризм, кумак, кишварҳои ҳамсоя, мубориза, толибон
Толибон* дар мубориза бо терроризм аз кишварҳои ҳамсоя кумак хостанд
13:11 13.12.2024 (Навсозишуда: 19:52 13.12.2024) Вазири хориҷаи ҳукумати феълии Афғонистон дар симои Толибон* аз кишварҳои ҳамсоя дар мубориза бо ДОИШ** кумак хост
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазири хориҷаи ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақӣ гуфт, кишварҳои ҳомии ДИИШ** дар оташи паноҳ додан ба ин гурӯҳ хоҳанд сӯхт, иттилоъ додааст "Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон".
Оқои Муттақӣ дар маросими хоксупории Халилулраҳмон Ҳаққонӣ бо ишора ба решаи берунии ҳамалоти ДОИШ** дар Афғонистон, гуфт аз ҳар ҳафт ҳамлаи ДОИШ**-иҳо дар кишвар, шаш маврид дар хориҷи кишвари барномаи резӣ шудааст.
Муттақӣ бо интиқоди тунд аз ҳомиёни ДОИШ , гуфт ки мо аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя мехоҳем, чашми худро бар ин золимон ( террористҳои ДОИШ**) набанданд.
Вай ҳушдор дод, ки ин гуруҳ на танҳо барои Афғонистон балки барои шумо низ музиранд.
“Ба онҳо паноҳ надиҳед ва аз онҳо ҳимоят накунед. Дар ин оташ, ҳама хоҳанд сӯхт”, - қайд кард оқои Муттақӣ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш гурӯҳи террористии ДОИШ** масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи вазири умури муҳоҷират ва удват кунандагон бар уҳда гирифт.
Ҳаққонӣ чаҳоршанбе дар инфиҷоре дар назди вазорати умури муҳоҷирин ва удваткунандагон Толибон* кушта шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Х навишта, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ дар як ҳамлаи "ноҷавонмардонаи хавориҷ" кушта шудааст.
Халилулраҳмон Ҳаққонӣ мутаваллиди соли 1966 дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон буд. Ӯ падарамаки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохилаи Толибон* бародари бунёнгузори шабакаи Ҳаққонӣ, Ҷалолиддини Ҳаққонӣ буд.
Ҷалолиддин Ҳаққонӣ аз фармондиҳони аршади муҷоҳидин дар баробари Шуравӣ дар даҳаи 1980 шинохта мешуд.
Аз ибтидои эъломи кабинаи ҳукумати Толибон* пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон Халилулраҳмон Ҳаққонӣ ба унвони вазири умури муҳоҷирин ва удваткунандагон таъйин шуд, ки то замони кушта шуданаш дар ин вазифа боқии монда буд.
*-гӯруҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
**-созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон