https://sputnik.tj/20240908/pizishkiyon-rahmon-tojikiston-avlaviyat-siyosat-khoriji-eron-1064242222.html
Пизишкиён ба Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст
Пизишкиён ба Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Эрон мегӯяд, густариши муносиботу ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, бавижа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии ҳукуматаш аст
2024-09-08T15:04+0500
2024-09-08T15:04+0500
2024-09-08T15:04+0500
дар тоҷикистон
эрон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063723703_0:95:1230:787_1920x0_80_0_0_c1badf536952196ada7408a15a7aeb62.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли номае ба ҳамтояш Эмомалӣ Раҳмон солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик кард.Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, дар матни ин паём хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон омадааст: Табрикоти самимонаамро ба муносибати фаро расидани солгарди истиқлоли кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед.Вай таъкид кардааст, ки густариши муносиботу ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, бавижа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии давлати чаҳордаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.Ӯ дар поёни номааш ба кишвардори Тоҷикистон саломатӣ ва ба мардумаш рушди бардавом ва боландагиро таманно кардааст.Ҳамзамон Муҳаммадбоқир Қалибоф, раиси Шӯрои исломии Эрон низ бо ирсоли як паёми ҷудогона ба Рустам Имом Алӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон солгарди истиқлоли кишварро табрик кардааст.Раиси Шӯрои исломӣ дар паёмҳои худ бо ишора ба нақши муассири ҳамкориҳои порлумон дар тавсеъа ва тавсеъаи равобити дуҷониба, изҳори умедворӣ кард, ки равобити дӯстона ва таърихии ду миллати бузурги Эрон ва Тоҷикистон бо истифода аз имконоти мавҷуда ба манофеи ҳарду ҷониб аз ҳар ҷиҳат ривоҷ меёбад.Маврид ба зикр аст, ки табрикоти сарони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба Ҷашни истиқлол идома дорад.Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 – солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад, ки чорабиниҳои асосии он дар шаҳри Хуҷанд барпо карда мешавад.
https://sputnik.tj/20240908/putin-rahmon-mardum-tojikiston-ruz-istiqlol-tabrik-1064241570.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063723703_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_48bc6e4d42ada24c84300e52fc00c245.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пизишкиён раҳмон тоҷикистон авлавият сиёсат хориҷа эрон
пизишкиён раҳмон тоҷикистон авлавият сиёсат хориҷа эрон
Пизишкиён ба Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст
Кишвардори Эрон мегӯяд, густариши муносиботу ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, бавижа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии ҳукуматаш аст
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли номае ба ҳамтояш Эмомалӣ Раҳмон солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик кард.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, дар матни ин паём хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон омадааст: Табрикоти самимонаамро ба муносибати фаро расидани солгарди истиқлоли кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед.
Вай таъкид кардааст, ки густариши муносиботу ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа, бавижа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии давлати чаҳордаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.
"Муътақидам, ки равобити мубтанӣ бар эҳтироми мутақобили мардуми ду кишвар беш аз гузашта, тақвият ва тавсеа хоҳад ёфт",- афзудааст Пизишкиён.
Ӯ дар поёни номааш ба кишвардори Тоҷикистон саломатӣ ва ба мардумаш рушди бардавом ва боландагиро таманно кардааст.
Ҳамзамон Муҳаммадбоқир Қалибоф, раиси Шӯрои исломии Эрон низ бо ирсоли як паёми ҷудогона ба Рустам Имом Алӣ, раиси Маҷлиси Миллӣ ва Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон солгарди истиқлоли кишварро табрик кардааст.
Раиси Шӯрои исломӣ дар паёмҳои худ бо ишора ба нақши муассири ҳамкориҳои порлумон дар тавсеъа ва тавсеъаи равобити дуҷониба, изҳори умедворӣ кард, ки равобити дӯстона ва таърихии ду миллати бузурги Эрон ва Тоҷикистон бо истифода аз имконоти мавҷуда ба манофеи ҳарду ҷониб аз ҳар ҷиҳат ривоҷ меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки табрикоти сарони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба Ҷашни истиқлол идома дорад.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 – солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад, ки чорабиниҳои асосии он дар шаҳри Хуҷанд барпо карда мешавад.