https://sputnik.tj/20250104/ikhroji-muhojir-sol-maskav-1065757997.html
Ихроҷи 18 ҳазор муҳоҷир дар як сол аз Маскав
Ихроҷи 18 ҳазор муҳоҷир дар як сол аз Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда аз Маскав барои нақзи қоидаҳои вуруд ва будубош дар Русия дар соли гузашта афзоиш ёфтааст
2025-01-04T14:59+0500
2025-01-04T14:59+0500
2025-01-04T14:59+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
ихроҷ
депорт
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_0:241:1166:897_1920x0_80_0_0_3b4ecf7a584cc849dc87e6dde9b9daaf.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати иҷроияи федеролии судии Русия, дар як соли гузашта теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда ба 18 ҳазор нафар расидааст."То нимаи моҳи декабри соли 2024 кормандони ин ниҳод ба ихроҷи маъмурии беш аз 18 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ихроҷ карданд. Бояд гуфт, ки дар соли 2023 – ихроҷ тақрибан 12 ҳазор нафар ташкил дода буд”, - қайд кардааст ин ниҳоди давлати Русия.Ба иттилои ин ниҳод аксари муҳоҷирони ихроҷшуда зодагони кишварҳои ИДМ мебошанд.Бештар аз ҳама миёни муҳоҷирони ихроҷшуда шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастанд.Дар миёни қонуншиканон се шаҳрванди кишварҳои Аврупо: Латвия, Фаронса ва Эстония низ ҳузур доранд.Ҳамаи онҳое, ки ихроҷ карда шудаанд, аз ҷониби суд дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи мазкур гунаҳкор дониста шуданд.Тиқи қавонини Русия дар панҷ соли оянда шахсони ихроҷшуда наметавонанд ба хоки Русия вкркд шаванд.Қаблан намояндагии ин ниҳод дар вилояти Маскав ба хабаргузории ТАСС хабар дода буд, ки соли гузашта шумори хориҷиён ва афроди бешаҳрванд, ки аз вилояти Маскав ихроҷ шудаанд, тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20241219/putin-peshnihod-kard-ki-masalahoi-muhojirat-boyad-hamroh-bo-kishvarhoi-hamsoya-hal-shavad-1065582779.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1a/1062982999_43:0:1239:897_1920x0_80_0_0_d55b0eca2df9486871714cc0e227b239.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия, ихроҷ, муҳоҷирон, вуруд, қоидаҳо, ҳуқуқ
муҳоҷират, русия, ихроҷ, муҳоҷирон, вуруд, қоидаҳо, ҳуқуқ
Ихроҷи 18 ҳазор муҳоҷир дар як сол аз Маскав
Теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда аз Маскав барои нақзи қоидаҳои вуруд ва будубош дар Русия дар соли гузашта афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати иҷроияи федеролии судии Русия, дар як соли гузашта теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда ба 18 ҳазор нафар расидааст.
"То нимаи моҳи декабри соли 2024 кормандони ин ниҳод ба ихроҷи маъмурии беш аз 18 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ихроҷ карданд. Бояд гуфт, ки дар соли 2023 – ихроҷ тақрибан 12 ҳазор нафар ташкил дода буд”, - қайд кардааст ин ниҳоди давлати Русия.
Ба иттилои ин ниҳод аксари муҳоҷирони ихроҷшуда зодагони кишварҳои ИДМ мебошанд.
Бештар аз ҳама миёни муҳоҷирони ихроҷшуда шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастанд.
Дар миёни қонуншиканон се шаҳрванди кишварҳои Аврупо: Латвия, Фаронса ва Эстония низ ҳузур доранд.
Ҳамаи онҳое, ки ихроҷ карда шудаанд, аз ҷониби суд дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи мазкур гунаҳкор дониста шуданд.
Тиқи қавонини Русия дар панҷ соли оянда шахсони ихроҷшуда наметавонанд ба хоки Русия вкркд шаванд.
Қаблан намояндагии ин ниҳод дар вилояти Маскав ба хабаргузории ТАСС хабар дода буд, ки соли гузашта шумори хориҷиён ва афроди бешаҳрванд, ки аз вилояти Маскав ихроҷ шудаанд, тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.