https://sputnik.tj/20250103/tolibon-afghoniston-huquqi-obi-kishvarhoi-hamsoya-zoe-1065753841.html
Вазорати обу энержии Толибон*: Афғонистон оби кишварҳои ҳамсояро зоеъ намекунад
Вазорати обу энержии Толибон*: Афғонистон оби кишварҳои ҳамсояро зоеъ намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Толибон* эълон кард, ки Афғонистони ҳуқуқи оби ҳеҷ як аз кишварҳои ҳамсояро зоеъ намекунад ва ба тааҳҳудоти байналмилалии худ пойбанд мебошад
2025-01-03T14:06+0500
2025-01-03T14:06+0500
2025-01-05T11:27+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
об
толибон
кишвари ҳамсоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102143/10/1021431099_0:282:3140:2048_1920x0_80_0_0_34e9fb002f4ad60b038e90db8616e938.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Муҷибурраҳмон Умар Охндзодаҳ муовини вазири обу энержии ҳукумати Толибон* ахиран афзуд, ки ин вазораташ обҳои кишварро ба наҳве мудирият хоҳад кард, ки ҳуқуқи ҳеҷ як аз кишварҳои ҳамсоя зоеъ нахоҳад кард, иттилоъ додааст раидио “Дарӣ”.Вай таъкид кард, ки манобеи обии кишвар бо дар назар гирифтани манофеи тамомии кишварҳои минтақа мудирият хоҳад шуд.“Афғонистон ба таъаҳҳудоти байналмилалии худ дар ин замина пойбанд хоҳад буд”, - гуфт ӯ.Ин изҳороти муовини вазири энержӣ ва оби Толибон* дар ҳолеаст, ки мақомоти Эрон ахиран аз сохт сади пошдон дар вилояти Ҳирот ва таъсири он бар муҳит зисти ин кишвар иброз нигаронӣ кард.Ҳамчунин дарёфт ҳаққобаи Эрон аз руди Ҳирманд аз ҷумлаи чолишҳои мавҷуд дар равобити Эрон ва Афғонистон аст.Ёдовар мешавем, ки Толибон* ба нигаронии Ӯзбекистон аз сохтмони канали Қуштеппа вокуниш карда, изҳор доштанд, ки Кобул дар ин масъала ҳаққи касеро намегирад.Забеҳулло Муҷоҳид, дар посух ба изҳороти раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев дар Душанбе да мавриди истифодаи об, гуфт, Афғонистон бо бунёди канали Қуштепа ҳаққи ҳеҷ кишвареро намегирад.Ба гуфтаи Муҷоҳид, Кобул танҳо ҳиссаи худро аз дарёи Омӯ мегирад.Маврид ба зикр аст, ки толибҳо* аз марти соли 2022 ба сохтмони канали бузург бо номи Қӯштеппа оғоз кардаанд, ки гуфта мешавад бо паҳноии то 100 метр, чуқурии 8,5 метр ва дарозии зиёда аз 285 км метавонад то 20-30%-и оби дарёи Омуро бигирад.* - Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20241213/tolibon-dar-muboriza-bo-terrorizm-az-kishvarhoi-hamsoya-kumak-khost-1065501878.html
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102143/10/1021431099_146:0:2877:2048_1920x0_80_0_0_ee05a2e160f250b01f3daf05b13a474b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, об, кишварҳои щамсоя, ҳуқуқ, тоҷикистон
афғонистон, осиёи марказӣ, об, кишварҳои щамсоя, ҳуқуқ, тоҷикистон
Вазорати обу энержии Толибон*: Афғонистон оби кишварҳои ҳамсояро зоеъ намекунад
14:06 03.01.2025 (Навсозишуда: 11:27 05.01.2025) Ҳукумати Толибон* эълон кард, ки Афғонистони ҳуқуқи оби ҳеҷ як аз кишварҳои ҳамсояро зоеъ намекунад ва ба тааҳҳудоти байналмилалии худ пойбанд мебошад
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Муҷибурраҳмон Умар Охндзодаҳ муовини вазири обу энержии ҳукумати Толибон* ахиран афзуд, ки ин вазораташ обҳои кишварро ба наҳве мудирият хоҳад кард, ки ҳуқуқи ҳеҷ як аз кишварҳои ҳамсоя зоеъ нахоҳад кард, иттилоъ додааст раидио “Дарӣ”.
Вай таъкид кард, ки манобеи обии кишвар бо дар назар гирифтани манофеи тамомии кишварҳои минтақа мудирият хоҳад шуд.
“Афғонистон ба таъаҳҳудоти байналмилалии худ дар ин замина пойбанд хоҳад буд”, - гуфт ӯ.
Ин изҳороти муовини вазири энержӣ ва оби Толибон* дар ҳолеаст, ки мақомоти Эрон ахиран аз сохт сади пошдон дар вилояти Ҳирот ва таъсири он бар муҳит зисти ин кишвар иброз нигаронӣ кард.
Ҳамчунин дарёфт ҳаққобаи Эрон аз руди Ҳирманд аз ҷумлаи чолишҳои мавҷуд дар равобити Эрон ва Афғонистон аст.
Ёдовар мешавем, ки Толибон* ба нигаронии Ӯзбекистон аз сохтмони канали Қуштеппа вокуниш карда, изҳор доштанд, ки Кобул дар ин масъала ҳаққи касеро намегирад.
Забеҳулло Муҷоҳид, дар посух ба изҳороти раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев дар Душанбе да мавриди истифодаи об, гуфт, Афғонистон бо бунёди канали Қуштепа ҳаққи ҳеҷ кишвареро намегирад.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, Кобул танҳо ҳиссаи худро аз дарёи Омӯ мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо* аз марти соли 2022 ба сохтмони канали бузург бо номи Қӯштеппа оғоз кардаанд, ки гуфта мешавад бо паҳноии то 100 метр, чуқурии 8,5 метр ва дарозии зиёда аз 285 км метавонад то 20-30%-и оби дарёи Омуро бигирад.
* - Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.