Раҳмон як қатор қонунҳои навро имзо кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаНеформальная встреча глав государств СНГ в Санкт-Петербурге
Неформальная встреча глав государств СНГ в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2025
Обуна шудан
Қонунҳое, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст, қаблан аз ҷониби палатаҳои поёнӣ ва болоии парлумони ҷумҳурӣ қабул ва ҷонибдорӣ шуда буданд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, чанд қонуни навро имзо кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумлаи қонунҳои нав "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", "Дар бораи низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" ва "Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ" мебошанд.
Қайд карда мешавад, ки ба қонунҳо “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи тиҷорати электронӣ”, “Дар бораи аудит” тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Қонунҳое, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст, қаблан ҳам аз ҷониби палатаҳои поёнӣ ва болоии парлумони ҷумҳурӣ қабул ва ҷонибдорӣ шуда буданд.
Обращение Эмомали Рахмона к парламенту республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2025
Бо амри президент дар Тоҷикистон се озмун бо маблағи 23,3 млн сомонӣ баргузор мегарданд
Ин муқаррарот ба рушди устувори кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ нигаронида шудааст.
Илова бар ин, ин ба таъмини амнияти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматрасонии ғайринақдӣ мусоидат мекунад.
Қаблан маълум шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон амр дод, ки соли 2025 се озмуни бузурги ҷумҳуриявӣ бо маблағи 23,5 млн сомонӣ баргузор шаванд.
Ин озмунҳо "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва "Илм - фурӯғи маърифат" мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0