https://sputnik.tj/20250102/amr-prezident-tojikiston-se-ozmun-barguzor-megardad-1065749090.html
Бо амри президент дар Тоҷикистон се озмун бо маблағи 23,3 млн сомонӣ баргузор мегарданд
Бо амри президент дар Тоҷикистон се озмун бо маблағи 23,3 млн сомонӣ баргузор мегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Бо амри раисиҷумҳри Тоҷикистон барои баргузор кардани се озмуни ҷумҳуриявӣ аз фонди захиравии президент 23,5 млн сомонӣ ихтисос дода мешавад 02.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-02T14:57+0500
2025-01-02T14:57+0500
2025-01-02T16:51+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
озмун
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065714540_0:29:2048:1181_1920x0_80_0_0_273554ff3276657761aac13b264d8bae.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар соли 2025 дар Тоҷикистон боз озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикистон - ватани азизи ман" баргузор мешаванд.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон амр дод ва дафтари матбуоти роҳбари давлат амрҳои президентро нашр намуд.Гуфта мешавад, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мегардад.Имсол ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи роҳбари давлат ба низомномаи озмун навгониҳо ворид гардид.Ҳамин тавр, минбаъд ба ҷузъ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хориҷиҳо низ имкони иштирок дар озмунро пайдо карданд. Ҳамзамон мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд шуда, маблағи умумӣ озмун6,6 млн сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ва ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар мегардад.Гузашта аз ин, ҳаҷми маблағи мукофот барои озмни "Илм - фурӯғи маърифат" низ ду баробар зиёд карда шуда, аз Фонди захиравии президент 9,2 млн сомонӣ мегардад.Ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор, дуюм 50 ҳазор ва ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ хоҳанд гирифт.Ҳамзамон барои ҳар як омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.Ҳаҷми маблағи мукофот барои озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ҳам ба 7,6 млн сомонӣ зиёд шуд. Барандагони шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70, 50 ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.Раисҷумҳур барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин озмунҳо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳоро вазифадор кардааст.Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои баргузор намудани таваҷҷуҳи зоҳир намуданд.Назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.
https://sputnik.tj/20241215/khazina-zakhira-prezident-tojikiston-million-somoni-afzud-1065519927.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065714540_115:0:1934:1364_1920x0_80_0_0_d03943d348f3410bc7b5c4a76bd3baa9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, озмун, маориф
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, озмун, маориф
Бо амри президент дар Тоҷикистон се озмун бо маблағи 23,3 млн сомонӣ баргузор мегарданд
14:57 02.01.2025 (Навсозишуда: 16:51 02.01.2025) Бо амри раисиҷумҳри Тоҷикистон барои баргузор кардани се озмуни ҷумҳуриявӣ аз фонди захиравии президент 23,5 млн сомонӣ ихтисос дода мешавад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар соли 2025 дар Тоҷикистон боз озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат" ва "Тоҷикистон - ватани азизи ман" баргузор мешаванд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон амр дод ва дафтари матбуоти роҳбари давлат амрҳои президентро нашр намуд.
Гуфта мешавад, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мегардад.
Имсол ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи роҳбари давлат ба низомномаи озмун навгониҳо ворид гардид.
Ҳамин тавр, минбаъд ба ҷузъ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хориҷиҳо низ имкони иштирок дар озмунро пайдо карданд. Ҳамзамон мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд шуда, маблағи умумӣ озмун6,6 млн сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ва ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар мегардад.
Гузашта аз ин, ҳаҷми маблағи мукофот барои озмни "Илм - фурӯғи маърифат" низ ду баробар зиёд карда шуда, аз Фонди захиравии президент 9,2 млн сомонӣ мегардад.
Ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор, дуюм 50 ҳазор ва ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ хоҳанд гирифт.
Ҳамзамон барои ҳар як омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳаҷми маблағи мукофот барои озмуни "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ҳам ба 7,6 млн сомонӣ зиёд шуд. Барандагони шоҳҷоиза бо 100 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 70, 50 ва 30 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.
Раисҷумҳур барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин озмунҳо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳоро вазифадор кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо барои баргузор намудани таваҷҷуҳи зоҳир намуданд.
Назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовини сарвазири Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) вогузор шудааст.