https://sputnik.tj/20250102/dushanbe-olimpiada-khonandagon-shuru-shud-1065749931.html
Дар Душанбе олимпиадаи фаннии хонандагон шурӯъ шуд
Дар Душанбе олимпиадаи фаннии хонандагон шурӯъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад 02.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-02T16:52+0500
2025-01-02T16:52+0500
2025-01-02T16:52+0500
дар тоҷикистон
душанбе
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102855/90/1028559087_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_fb61b2bc8392c84cadc506e922379ce3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт шурӯъ шуд.Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.Манбаъ афзуд, ки маросими бошукуҳиифтитоҳи даври сеюми шаҳрии олимпиада дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Рақами №19 дар ноҳияи Сино баргузор гардид.Дар рӯзи аввали олимпиада 1048 хонанда аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Акнун беҳтаринҳо аз миёни 1048 хонандаи макотиби Душанбе ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.Таъкид шуд, ки ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд ба ҳисоб меравад. Ба иттилои Сарраёсати маорифи пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон торафт вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад.Бо амри президент дар Тоҷикистон се озмун бо маблағи 23,3 млн сомонӣ баргузор мегардандЁдовар мешавем, ки чанде пеш амрҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", - Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва "Илм - фурӯғи маърифат" интишор шданд ва ҳаҷми умумии маблағи ҳар се озмун 23,5 млн сомонӣ аст.
https://sputnik.tj/20250102/amr-prezident-tojikiston-se-ozmun-barguzor-megardad-1065749090.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102855/90/1028559087_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6ae3d66f9f2245f32853aa2a1e580444.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, маориф
дар тоҷикистон, душанбе, маориф
Дар Душанбе олимпиадаи фаннии хонандагон шурӯъ шуд
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳаракати олимпии хонандагон вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт шурӯъ шуд.
Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки маросими бошукуҳиифтитоҳи даври сеюми шаҳрии олимпиада дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Рақами №19 дар ноҳияи Сино баргузор гардид.
Дар рӯзи аввали олимпиада 1048 хонанда аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Акнун беҳтаринҳо аз миёни 1048 хонандаи макотиби Душанбе ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Таъкид шуд, ки ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои Сарраёсати маорифи пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон торафт вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш амрҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", - Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва "Илм - фурӯғи маърифат" интишор шданд ва ҳаҷми умумии маблағи ҳар се озмун 23,5 млн сомонӣ аст.