Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон беш аз сад миллион сомонӣ афзуд

© Foto / Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон - президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат
Эмомалӣ Раҳмон - президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2024
Обуна шудан
Ҳаҷми маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон, ки мувофиқи салоҳдиди кишвардор масраф мешаванд, соли оянд 122,6 млн сомонӣ зиёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Фонди захиравии президенти Тоҷикистон барои соли 2025 ба маблағи зиёда аз 685,6 млн сомонӣ муқаррар шудааст.
Ин нукта дар қонун дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда таъкид шудаст, ки аз 1 январ мавриди амал қарор мегирад.
Ҳаҷми маблағи Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар буҷаи давлатии соли оянда дар қиёс бо соли равон 122,6 млн сомонии дигар афзоиш меёбад. Соли равон ин нишондод беш аз 563 млн сомониро ташкил медиҳад.
Фонди захиравии раисҷумҳур барои соли 2021 ҳудуди 404 млн сомонӣ, соли 2022 ба маблағи 438,5 млн сомонӣ ва дар 2023 ҳудуди 495 млн сомонӣ муқаррар гардида буд.
Маблағҳои ин Фонд бо салоҳдиди раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои хайриявӣ, иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои изтирорӣ истифода мешаванд.
Заглушка к инфографике - На что пойдет бюджет Таджикистана в 2025 году? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2024
Буҷаи Тоҷикистон дар соли 2025 чӣ гуна масраф мешавад
Аз ҷумла тайи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои захиравӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар бахши маорифу фарҳанг гузаронда мешаванд.
Инчунин дар соли 2020 аз пулҳои ин Фонд барои табибоне, ки дар шароити пандемияи коронавирус фаъолият карданд, кумакпулиҳои иловагӣ пардохт гардиданд.
Дар баробари ин аз Фонди захиравии президент ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ медал мегиранд, ҷоизапулӣ пардохт мегардад.
Ҷудо намудани стипендия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар аз бандҳои дигари хароҷоти фонд арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0