https://sputnik.tj/20250101/dastovardhoi-nazarras-noil-shudem-tabrikot-solinavi-rustam-emomali-1065741276.html
Ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем: Табрикоти солинавии Рустам Эмомалӣ
Ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем: Табрикоти солинавии Рустам Эмомалӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Душанбе дар табрикоти солинавиаш ба мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ояндаи дурахшонро орзу намудааст
2025-01-01T12:59+0500
2025-01-01T12:59+0500
2025-01-01T16:31+0500
рустам эмомалӣ
дар тоҷикистон
соли нав
табрикоти солинавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/01/1065740651_0:60:1281:780_1920x0_80_0_0_31e00858f4bbbd96a1e1d7b2c6006658.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв - Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ мардуми кишварро бо фарорасии соли нави милодӣ табрик кард.Вай дар табрикотагш қайд кард, ки соли 2024 бо вуҷуди мураккабу ҳассос боқӣ мондани вазъи сиёсии ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои беруна ва бо азму талоши қавии мардуми кишвар дар амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудааст.Вай гуфт, ки соли 2024 дар саросари кишвар, аз ҷумла дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуд.“Дар натиҷаи меҳнати софдилонаи сокинони сарбаланд садҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ ва маишиву хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки боиси рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани шароити зисти мардум гардид”,- қайд кард раиси шаҳр.Инчунин вай илова кард, ки боварӣ дорад мардуми Тоҷикистон дар соли нави 2025 низ ба хотири ояндаи дурахшону ободи кишвар дучанд заҳмат кашида, бо ташаббусҳои созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор мешаванд.Рустам Эмомалӣ дар паёми солинавиаш мардуми кишварро бо фарорасии соли нави мелодии 2025 сидқан табрик гуфта, ба Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ояндаи дурахшон орзу намудааст.
https://sputnik.tj/20250101/muvaffaqiyat-tojikiston-soha-energetika-nombar-shudaand-1065740202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/01/1065740651_120:0:1160:780_1920x0_80_0_0_38c7bf188662d37bdc4fa7d2d75a85a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рустам эмомалӣ , раиси шаҳри душанбе, табрико, солинавӣ, оромӣ, сулҳ, субот
тоҷикистон, рустам эмомалӣ , раиси шаҳри душанбе, табрико, солинавӣ, оромӣ, сулҳ, субот
Ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем: Табрикоти солинавии Рустам Эмомалӣ
12:59 01.01.2025 (Навсозишуда: 16:31 01.01.2025) Раиси шаҳри Душанбе дар табрикоти солинавиаш ба мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ояндаи дурахшонро орзу намудааст
ДУШАНБЕ, 1 янв - Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ мардуми кишварро бо фарорасии соли нави милодӣ табрик кард.
Вай дар табрикотагш қайд кард, ки соли 2024 бо вуҷуди мураккабу ҳассос боқӣ мондани вазъи сиёсии ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои беруна ва бо азму талоши қавии мардуми кишвар дар амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Вай гуфт, ки соли 2024 дар саросари кишвар, аз ҷумла дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуд.
“Дар натиҷаи меҳнати софдилонаи сокинони сарбаланд садҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ ва маишиву хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки боиси рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани шароити зисти мардум гардид”,- қайд кард раиси шаҳр.
Инчунин вай илова кард, ки боварӣ дорад мардуми Тоҷикистон дар соли нави 2025 низ ба хотири ояндаи дурахшону ободи кишвар дучанд заҳмат кашида, бо ташаббусҳои созандаи хеш дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор мешаванд.
Рустам Эмомалӣ дар паёми солинавиаш мардуми кишварро бо фарорасии соли нави мелодии 2025 сидқан табрик гуфта, ба Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ояндаи дурахшон орзу намудааст.