https://sputnik.tj/20250101/lukasheko-tashkili-bozori-yagonai-energetiki-iiao-1065745132.html
Лукашенко хостори ташкили бозори ягонаи энергетикӣ дар ҳудуди ИИАО шуд
Лукашенко хостори ташкили бозори ягонаи энергетикӣ дар ҳудуди ИИАО шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсат дар ИИАО ба ҷумҳурии Белорус гузашт ва раисҷумҳури ин кишвар эълон кард, ки барои ташкили бозори ягонаи энергетикӣ талош хоҳад кард
2025-01-01T19:01+0500
2025-01-01T19:01+0500
2025-01-01T19:12+0500
ииао
иқтисод
авруосиё
белорус
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1e/1061472300_0:0:3136:1764_1920x0_80_0_0_96315363de667cf9fd52bd2d3156b468.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв - Sputnik. Раҳбари Белорус Александр Лукашенко гуфт, ки аз кишвараш зимни раёсат дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, барои таъсиси инфрасохтори ягонаи нақлиётӣ ва бозори умумии энергетикӣ талош хоҳад кард, иттилоъ додаастт хабаргузории РИА “Новости”.Ба гуфтаи вай, бояд бозоре ташкил карда шавад, ки манфиати ҳеҷ кишвар поймол нашавад.“Ташаккули фазои ягонаи нақлиётиро бо қабули шартҳои баробар, бидуни поймоли манфиатҳо ва таъмини рақобати одилона, бахусус ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли ҳавоӣ байни кишварҳои узв бояд анҷом дод. Корҳо ҷиҳати бекор кардани низоми иҷозатдиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба кишварҳои сеюм ва аз кишварҳои сеюм бояд идома дода шаванд”, - гуфтааст оқои Лукашенко.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Ин дар ҳолест, аз 1 январи соли 2025 ҳукумати Русия транзити газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро тавассути Украина қатъ кард. Созишномаи байни ду давлат ба охир расид ва тамдид нашуд. Тавре намояндагони Вазорати энергетикаи Украина изҳор доштанд, мақомоти Киев аллакай омодаанд, ки гази Русия тавассути ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ намегузарад.
https://sputnik.tj/20241227/eron-iiao-maqom-nozir-daryoft-1065690613.html
белорус
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/1e/1061472300_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_6f673d6d2010ed30b08be076ae5f40fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, лукашенко, бозори ягонаи энергетикӣ, раисҷумҳур, энергетиуа, иқтисод
ииао, лукашенко, бозори ягонаи энергетикӣ, раисҷумҳур, энергетиуа, иқтисод
Лукашенко хостори ташкили бозори ягонаи энергетикӣ дар ҳудуди ИИАО шуд
19:01 01.01.2025 (Навсозишуда: 19:12 01.01.2025) Раёсат дар ИИАО ба ҷумҳурии Белорус гузашт ва раисҷумҳури ин кишвар эълон кард, ки барои ташкили бозори ягонаи энергетикӣ талош хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 янв - Sputnik. Раҳбари Белорус Александр Лукашенко гуфт, ки аз кишвараш зимни раёсат дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, барои таъсиси инфрасохтори ягонаи нақлиётӣ ва бозори умумии энергетикӣ талош хоҳад кард, иттилоъ додаастт хабаргузории РИА “Новости”.
Ба гуфтаи вай, бояд бозоре ташкил карда шавад, ки манфиати ҳеҷ кишвар поймол нашавад.
“Ташаккули фазои ягонаи нақлиётиро бо қабули шартҳои баробар, бидуни поймоли манфиатҳо ва таъмини рақобати одилона, бахусус ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли ҳавоӣ байни кишварҳои узв бояд анҷом дод. Корҳо ҷиҳати бекор кардани низоми иҷозатдиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба кишварҳои сеюм ва аз кишварҳои сеюм бояд идома дода шаванд”, - гуфтааст оқои Лукашенко.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Ин дар ҳолест, аз 1 январи соли 2025 ҳукумати Русия транзити газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро тавассути Украина қатъ кард. Созишномаи байни ду давлат ба охир расид ва тамдид нашуд. Тавре намояндагони Вазорати энергетикаи Украина изҳор доштанд, мақомоти Киев аллакай омодаанд, ки гази Русия тавассути ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ намегузарад.