Россотрудничество ба мактабҳои Тоҷикистон беш 14,3 ҳазор китобҳо тақдим кардааст

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкУчебники для русскоязычных школ в Российско-Таджикском (славянском) университете.
Учебники для русскоязычных школ в Российско-Таджикском (славянском) университете. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2024
Обуна шудан
Намояндагии “Россотрудничество” аз тақдими китобҳои дарсӣ ба мактабҳо хабар доду аз аҳамияти забони русӣ дар Тоҷикистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар як соли ахир намояндагии “Россотрудничество” дар Душанбе ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 14 ҳазору 300 нусха адабиёти таълимӣ, методӣ ва бадеӣ тақдим кардааснд.
Дар ин бора раиси намояндагӣ Андрей Патрушев хабар додааст дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА “Новости”.
"Дар соли 2024 намояндагии Россотрудничество дар шаҳри Душанбе ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 14300 нусха адабиёти таълимӣ, методӣ ва бадеӣ ҳадя кард, ки ин як самти муҳими кори мо дар самти дастгирии забони русӣ ва пешбурди таҳсилоти русӣ мебошад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин кор дар давоми сол пайваста сурат мегирад.
"Мо адабиётро на танҳо ба муассисаҳои таълимии пойтахт, балки дар саросари кишвар - дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ҳадя мекунем", - иброз дошт Патрушев.
Дар мавриди таҳкими мавқеъи забони русӣ вай гуфт, ки ин кор мунтазам сурат мегирад.
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2024
Русия ба мактаббачаҳои Тоҷикистон 300 ҳазор китоби фанни забони русӣ тақдим кард
"Масалан, дар моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми роҳбарони мактабҳо, омӯзгорони забони русӣ ва фанҳои забони русӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 80 роҳбари мактаб ва зиёда аз 450 омӯзгор дар давоми се рӯз масъалаҳои гуногунро баррасӣ карданд”, гуфт ӯ.
Барои омӯзгорон дар давоми се рӯз, дарсҳои гуногун, такмили ихтисос, табодули афкор, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо аз ҷониби Россотрудничество якҷоя бо Донишкадаи забони русии Донишгоҳи дӯстии халқҳо ба номи Патрис Лумумба ташкил карда шуд.
Ба гуфтаи оқои Патрушев, дар намояндагии Россотрудничество ҳарҳафта омӯзиши забони русӣ, дарсҳои гуногун, Рӯзҳои забони русӣ, таҷрибаомӯзӣ, курсҳои такмили ихтисоси омузгорони забони русӣ, озмунҳо, иншоҳо, ва ғайра баргузор мешавад.
"Дар маҷмуъ дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барои оммавигардонии забони русӣ беш аз 370 чорабинӣ гузаронида шуд", - таъкид кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0