https://sputnik.tj/20241004/rusiya-maktabbachahoi-tojikiston-kitobi-fanni-zaboni-rusi-taqdim-1064582926.html
Русия ба мактаббачаҳои Тоҷикистон 300 ҳазор китоби фанни забони русӣ тақдим кард
Русия ба мактаббачаҳои Тоҷикистон 300 ҳазор китоби фанни забони русӣ тақдим кард
Sputnik Тоҷикистон
Русия ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор китоби дарсии забони русӣ тақдим кард
2024-10-04T13:01+0500
2024-10-04T13:01+0500
2024-10-04T13:01+0500
дар тоҷикистон
мактаб
маориф
китоб
забони русӣ
русия
тақдим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042486385_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_79dd50a9a4c24df78a74ce8934f8f1ed.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бунёди дастгирии улуми гуманитарии “Таърихи ман” ба мактабҳои Тоҷикистон аз номи Вазорати маорифи Русия ҳудуди 300 ҳазор китоби дарсии забони русӣ тақдим кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин бунёд ба РИА “Новости”.Ахиран дар шҳари Душанбе бунёди мазкур аз номи Вазорати маорифи Русия ба Вазорати маорифи Тоҷикистон тақрибан 300 ҳазор китобро аз ҷумла китоби дарсии забони русӣ ва забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ барои синфҳои 1-11, ки як қисми он дар Тоҷикистон чоп шудааст, ба таври ройгон тақдим намуд.Ин маъракаи якдафъаина нест ва дар оянда барномаи супоридани китобҳои дарсии забони русӣ ба Тоҷикистон тавсеа хоҳад ёфт, қайд карданд намояндагони ин бунёд.Тавре дар паёме, ки қаблан аз ҷониби хадамоти матбуоти ин бунёд нашр шуда буд, гуфта мешуд, ки бо дастгирии Вазорати маорифи Русия Бунёди "Таърихи ман" корҳои таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳои Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.Қайд карда шудааст, ки адабиёти таълимӣ ва методӣ бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҷуғрофии кишвар ва ҷузъи миллӣ мутобиқ карда шудааст.Дар таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсӣ аз ҳарду ҷониб коршиносони соҳаи маориф ҷалб карда шуданд.Дар натиҷа, дар моҳи июли соли равон китобҳо дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз санҷиши ниҳоӣ гузаштанд.
https://sputnik.tj/20240903/rusiya-tojikiston-hazor-kitob-zaboni-rusi-ravon-1064178004.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042486385_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_471a19220692e5510193d8883801b7e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, забони русӣ, китоб, тақдим, русия, мактаб, маориф
тоҷикистон, забони русӣ, китоб, тақдим, русия, мактаб, маориф
Русия ба мактаббачаҳои Тоҷикистон 300 ҳазор китоби фанни забони русӣ тақдим кард
Русия ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор китоби дарсии забони русӣ тақдим кард
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бунёди дастгирии улуми гуманитарии “Таърихи ман” ба мактабҳои Тоҷикистон аз номи Вазорати маорифи Русия ҳудуди 300 ҳазор китоби дарсии забони русӣ тақдим кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин бунёд ба РИА “Новости”.
Ахиран дар шҳари Душанбе бунёди мазкур аз номи Вазорати маорифи Русия ба Вазорати маорифи Тоҷикистон тақрибан 300 ҳазор китобро аз ҷумла китоби дарсии забони русӣ ва забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ барои синфҳои 1-11, ки як қисми он дар Тоҷикистон чоп шудааст, ба таври ройгон тақдим намуд.
Ин маъракаи якдафъаина нест ва дар оянда барномаи супоридани китобҳои дарсии забони русӣ ба Тоҷикистон тавсеа хоҳад ёфт, қайд карданд намояндагони ин бунёд.
Тавре дар паёме, ки қаблан аз ҷониби хадамоти матбуоти ин бунёд нашр шуда буд, гуфта мешуд, ки бо дастгирии Вазорати маорифи Русия Бунёди "Таърихи ман" корҳои таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсии забони русӣ барои мактабҳои Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.
Қайд карда шудааст, ки адабиёти таълимӣ ва методӣ бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҷуғрофии кишвар ва ҷузъи миллӣ мутобиқ карда шудааст.
Дар таҳия ва мутобиқсозии китобҳои дарсӣ аз ҳарду ҷониб коршиносони соҳаи маориф ҷалб карда шуданд.
Дар натиҷа, дар моҳи июли соли равон китобҳо дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз санҷиши ниҳоӣ гузаштанд.