https://sputnik.tj/20241231/panj-ruz-avval-yanvar-tojikiston-khatarnok-1065736196.html
Панҷ рӯзи аввали январ дар Тоҷикистон хатарнок хоҳад шуд
Панҷ рӯзи аввали январ дар Тоҷикистон хатарнок хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, аз якум то панҷуми январ дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ бинобар боришоти барф тармафароӣ хоҳад шуд 31.12.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-12-31T14:56+0500
2024-12-31T14:56+0500
2024-12-31T14:56+0500
дар тоҷикистон
кҳф
тарма
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/75/1014557597_0:329:2047:1480_1920x0_80_0_0_d248b3bd13c6ba30bcb63ded77f70c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Соли нави 2025 дар Тоҷикистон бо барфрезию яхбандӣ фаро мерасад.Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то якуми январ бар асари боридани барф дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хавфи фаромадани тарма, яхбандӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.Илова бар ин, рӯзҳои 2-5 январи соли 2024 дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ боридани барфу борон дар назар аст.Манбаъ меафзояд, дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ рӯзҳои аввали соли нави 2025 дар кишвар дамои ҳаво поин меравад. Дар баъзе навоҳии кишвар туман низ пешгӯӣ шудааст.Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз дастгоҳии барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз таҷҳизоти барқии худсохт истифода накунанд.Маврид ба зикр аст, ки бинобар истифода аз ангишт барои гарм кардани хона ва омода кардани хӯрок имсол ду кӯдак бар асари заҳролуд шудан аз гази карбон ба ҳалокат расиданд ва чандин нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.Кумита ҳар бор мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад ва тавсия медиҳад, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.
https://sputnik.tj/20241218/fojeai-shahriston-kudaki-oila-dudi-angisht-zahrolud-1065564285.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101455/75/1014557597_0:137:2047:1672_1920x0_80_0_0_10b38ad4750205b9430395c8be1a07d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кҳф, тарма, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, кҳф, тарма, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Панҷ рӯзи аввали январ дар Тоҷикистон хатарнок хоҳад шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, аз якум то панҷуми январ дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ бинобар боришоти барф тармафароӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Соли нави 2025 дар Тоҷикистон бо барфрезию яхбандӣ фаро мерасад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то якуми январ бар асари боридани барф дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хавфи фаромадани тарма, яхбандӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Илова бар ин, рӯзҳои 2-5 январи соли 2024 дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ боридани барфу борон дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ рӯзҳои аввали соли нави 2025 дар кишвар дамои ҳаво поин меравад. Дар баъзе навоҳии кишвар туман низ пешгӯӣ шудааст.
Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз дастгоҳии барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз таҷҳизоти барқии худсохт истифода накунанд.
Маврид ба зикр аст, ки бинобар истифода аз ангишт барои гарм кардани хона ва омода кардани хӯрок имсол ду кӯдак бар асари заҳролуд шудан аз гази карбон ба ҳалокат расиданд ва чандин нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуданд.
Кумита ҳар бор мардумро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад ва тавсия медиҳад, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.