https://sputnik.tj/20241218/fojeai-shahriston-kudaki-oila-dudi-angisht-zahrolud-1065564285.html
Фоҷеаи дар Шаҳристон: Чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд
Фоҷеаи дар Шаҳристон: Чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаи дар маҳаллаи Себзори ноҳияи Шаҳристон рух дода, ки дар натиҷа ду фарзанди ин хонавода ҷон бохтанд ва ду кӯдаки дигар дар ҳолати вазнин дар беморхонанд
2024-12-18T17:59+0500
2024-12-18T17:59+0500
2024-12-18T17:59+0500
дар тоҷикистон
кӯдак
кҳф
фоҷиа
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101351/17/1013511702_0:207:3872:2385_1920x0_80_0_0_0928453be52d93ab0c5060289ad2d26f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд.Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса шаби гузашта, 17-уми декабри соли 2024 рух додааст.Қайд карда шудааст, ки ду кӯдак ҷони худро аз даст доданд, ду нафари дигар дар ҳоли вазнин дар беморхона қарор доранд.КҲФ афзуд, ки кӯдакони ҳалокшуда 6 ва 13 сол доштанд ва дуи дигар, ки дар беморхонаанд, 10 ва 14 - сола ҳастанд.“Дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон 4 кӯдаки ноболиғ аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд ва аз ҳуш рафтанд. Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд”, - хабар додааст КҲФ.Ёдовар мешавем, қаблан КҲФ хабар дода буд, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон панҷ узви як оила дар деҳаи Р.Файзови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз дуди ангишт заҳролуд шуданд.Ин панҷ нафар, ки аз 32 то 6 сол доштанд, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор доранд.Қайд карда шудааст, ки вазъи беморон муътадил арзёбӣ гардидааст.Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ карда ва бори дигар аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёткор бошанд.Қайд карда шудааст, ки истифодаи ангишт аз як ҷиҳат агар манфиатовар бошад, аз нигоҳи дигар дар сурати риоя накардани тартиби истифодаи он метавонад барои саломатии инсон хатарнок, ҳатто марговар бошад.
https://sputnik.tj/20240229/volidayn-chahor-farzand-dushan-dud-angish-favtidand-1061872851.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101351/17/1013511702_208:0:3664:2592_1920x0_80_0_0_88ffe0ebdd29db1329dee3752cbb49dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ангишт, хатлон, шаҳристон, кҳф, кӯдак, ҳалокат
тоҷикистон, ангишт, хатлон, шаҳристон, кҳф, кӯдак, ҳалокат
Фоҷеаи дар Шаҳристон: Чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд
Ҳодисаи дар маҳаллаи Себзори ноҳияи Шаҳристон рух дода, ки дар натиҷа ду фарзанди ин хонавода ҷон бохтанд ва ду кӯдаки дигар дар ҳолати вазнин дар беморхонанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса шаби гузашта, 17-уми декабри соли 2024 рух додааст.
Қайд карда шудааст, ки ду кӯдак ҷони худро аз даст доданд, ду нафари дигар дар ҳоли вазнин дар беморхона қарор доранд.
КҲФ афзуд, ки кӯдакони ҳалокшуда 6 ва 13 сол доштанд ва дуи дигар, ки дар беморхонаанд, 10 ва 14 - сола ҳастанд.
“Дар маҳаллаи Себзори ҷамоати деҳоти Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон 4 кӯдаки ноболиғ аз як оила аз дуди ангишт заҳролуд шуданд ва аз ҳуш рафтанд. Кӯдакон фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд. Муаассифона бар асари расидани зарари бештар ва заҳролудӣ бо дуди ангишт ду нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд”, - хабар додааст КҲФ.
Ёдовар мешавем, қаблан КҲФ хабар дода буд, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон панҷ узви як оила дар деҳаи Р.Файзови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз дуди ангишт заҳролуд шуданд.
Ин панҷ нафар, ки аз 32 то 6 сол доштанд, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор доранд.
Қайд карда шудааст, ки вазъи беморон муътадил арзёбӣ гардидааст.
Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ карда ва бори дигар аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёткор бошанд.
Қайд карда шудааст, ки истифодаи ангишт аз як ҷиҳат агар манфиатовар бошад, аз нигоҳи дигар дар сурати риоя накардани тартиби истифодаи он метавонад барои саломатии инсон хатарнок, ҳатто марговар бошад.