https://sputnik.tj/20241230/komissiya-iqtisodi-avruosiyo-eron-sharikoni-muhimi-iiao-1065734254.html
Комиссия иқтисодии АвруОсиё: Эрон яке аз шарикони муҳими ИИАО мебошад
Комиссия иқтисодии АвруОсиё: Эрон яке аз шарикони муҳими ИИАО мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссия иқтисодии АвруОсиё таъкид кардааст, ки давлати Эрон яке аз шарикони асосии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошад
2024-12-30T20:01+0500
2024-12-30T20:01+0500
2025-01-10T14:06+0500
эрон
ииао
авруосиё
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101825/77/1018257797_0:107:2875:1724_1920x0_80_0_0_e9b463f730646cc8abd2fa731d2a4c7b.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар шарҳи гирифтани мақоми кишвари нозир дар ИИАО гуфт, Эрон яке аз шарикони калидии хориҷии ИИАО аст.Ин ниҳод гуфт, ҳадафи мақоми нозир додан ба Эрон як иқдоми васеътар кардани ҳамкорӣ аст.Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қайд кард, ки тавсеаи шумори кишварҳои нозир дар Иттиҳод ва додани чунин мақом ба Эрон ба унвони яке аз бузургтарин иқтисодҳои АвруОсиё аз ҷолиб будани иқтисодӣ ва муассири ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё шаҳодат медиҳад."Мақоми давлати нозир ба Эрон имкон медиҳад, ки тавассути дар ҷаласаҳои ниҳодҳои иттиҳод ба маълумоти ошкоро дар бораи рӯзномаи ҳамгироӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин мақом имкониятҳои кор дар бозори ягонаи Иттиҳод ва дар натиҷа ба роҳ мондани муколамаи ҳамаҷониба ва систематикӣ бо кишварҳои узви ИИАО-ро мусоидат мекунад”, - гуфтаааст Комиссия.Зимнан зикр гардид, ки аз соли 2019 Созишномаи муваққатӣ барои ташкили минтақаи тиҷорати озод байни кишварҳои узви ИИАО ва Эрон амал мекунад. Дар соли 2023 тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар заминаи созишномаи тиҷорати озод идома ёбад. Ин созишнома дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои иттиҳод мавриди тасвиб қарор дорад."Тасмими додани мақоми давлати нозир ба Теҳрон бешубҳа натиҷаи таҳлили ҳамкориҳои амалӣ бо ИИАО ва арзёбии самараи иқтисодии бадастомада буд" гуфтааст комиссия.Ҳамчунин таъкид шуд, ки Эрон аз муҳимтарин шарикони иттиҳод маҳсуб мешавад. Дар давраи амали Созишномаи тиҷоратии муваққатӣ миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АврОсиё ва Эрон аз соли 2018 то соли 2023 гардиши мол тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст."Муколамаи Иттиҳод бо Эрон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар доираи салоҳияти Комиссия, ки аллакай дар марҳилаи аввал аст, метавонад ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои молу хизматрасонӣ бо кишварҳои узви ИИАО мусоидат кунад", - таъкид кардааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
https://sputnik.tj/20241227/eron-iiao-maqom-nozir-daryoft-1065690613.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101825/77/1018257797_233:0:2674:1831_1920x0_80_0_0_e6964cb1e9ddfc629c50af8356bbb137.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, иқтисод, эрон, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, русия
ииао, авруосиё, иқтисод, эрон, ҳамкорӣ, ҳамгироӣ, русия
Комиссия иқтисодии АвруОсиё: Эрон яке аз шарикони муҳими ИИАО мебошад
20:01 30.12.2024 (Навсозишуда: 14:06 10.01.2025) Комиссия иқтисодии АвруОсиё таъкид кардааст, ки давлати Эрон яке аз шарикони асосии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мебошад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар шарҳи гирифтани мақоми кишвари нозир дар ИИАО гуфт, Эрон яке аз шарикони калидии хориҷии ИИАО аст.
Ин ниҳод гуфт, ҳадафи мақоми нозир додан ба Эрон як иқдоми васеътар кардани ҳамкорӣ аст.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қайд кард, ки тавсеаи шумори кишварҳои нозир дар Иттиҳод ва додани чунин мақом ба Эрон ба унвони яке аз бузургтарин иқтисодҳои АвруОсиё аз ҷолиб будани иқтисодӣ ва муассири ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё шаҳодат медиҳад.
"Мақоми давлати нозир ба Эрон имкон медиҳад, ки тавассути дар ҷаласаҳои ниҳодҳои иттиҳод ба маълумоти ошкоро дар бораи рӯзномаи ҳамгироӣ дастрасӣ пайдо кунад. Ин мақом имкониятҳои кор дар бозори ягонаи Иттиҳод ва дар натиҷа ба роҳ мондани муколамаи ҳамаҷониба ва систематикӣ бо кишварҳои узви ИИАО-ро мусоидат мекунад”, - гуфтаааст Комиссия.
Зимнан зикр гардид, ки аз соли 2019 Созишномаи муваққатӣ барои ташкили минтақаи тиҷорати озод байни кишварҳои узви ИИАО ва Эрон амал мекунад. Дар соли 2023 тасмим гирифта шуд, ки ҳамкорӣ дар заминаи созишномаи тиҷорати озод идома ёбад. Ин созишнома дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои иттиҳод мавриди тасвиб қарор дорад.
"Тасмими додани мақоми давлати нозир ба Теҳрон бешубҳа натиҷаи таҳлили ҳамкориҳои амалӣ бо ИИАО ва арзёбии самараи иқтисодии бадастомада буд" гуфтааст комиссия.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Эрон аз муҳимтарин шарикони иттиҳод маҳсуб мешавад. Дар давраи амали Созишномаи тиҷоратии муваққатӣ миёни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АврОсиё ва Эрон аз соли 2018 то соли 2023 гардиши мол тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
"Муколамаи Иттиҳод бо Эрон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар доираи салоҳияти Комиссия, ки аллакай дар марҳилаи аввал аст, метавонад ба афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои молу хизматрасонӣ бо кишварҳои узви ИИАО мусоидат кунад", - таъкид кардааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.