Маълум шуд, ки аввалин парвоз дар Хатсайри Душанбе – Кеш кай сурат мегирад

© Sputnik / Нина ЗотинаПассажирский самолет в небе
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2024
Обуна шудан
Раиси минтақаи озоди Кеш гуфт, ки ин минтақа барои рушду тавсеа барои ҷазби гардишгар хориҷӣ талош дорад ва хабар дод, ки кай сайёҳони тоҷик сафар хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Муҳамади Кабӣрӣ раиси минтақаи озоди Кеш гуфт, ки аз Тоҷикистон 4 январи соли 2025 аввалин парвоз аз Душанбе ба Кеш сурат хоҳад гирифт.
Вай гуфт, то поёни сол парвозҳо мустақим аз Умон, Кувайт, Қатар ва ироқ роҳандозӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудиромили ширкати ҳавопаймоии Касриян Одил Нуралӣ, гуфт, ки бар асоси барномарезӣ ҳафтае ду парвоз аз Душанбе ба Кеш ва билъакс барқарор хоҳад шуд.
Оқои Нуралӣ гуфта буд, ки парвозҳо мустақим бо ҳавопаймои Боинг дар ду навъ парвози иқтисодӣ ва вижа барқарор хоҳанд шуд.
Человек на взлетно-посадочной полосе в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2024
Тоҷикистону Эронро хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад
Вай гуфта буд, ки парвоз аз Кеш ба Душанбе дар муддати замони ду соъат ва панҷоҳ дақиқа анҷом мешавад.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ дар як маросим гуфта буд, ҷазираи Кеш тамоми имконотро барои тавсеа гардишгарӣ дорад ва дар наздиктарин замони парвоз аз Кеш ба Душанбе барқарор хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0