https://sputnik.tj/20241229/putin-sozishnoma-tojikiston-kayhon-tasvib-rasond-1065721292.html
Путин созишнома бо Тоҷикистон дар бораи кайҳонро ба тасвиб расонд
Путин созишнома бо Тоҷикистон дар бораи кайҳонро ба тасвиб расонд
Sputnik Тоҷикистон
Дар созишнома принсипҳо ва меъёрҳои мухталифе пешбинӣ шудааст, ки барои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон заруранд
2024-12-29T13:55+0500
2024-12-29T13:55+0500
2024-12-29T13:55+0500
дар тоҷикистон
русия
кайҳон
владимир путин
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/71/1029767101_0:115:3235:1934_1920x0_80_0_0_bee83211815b40b2fd9774774c888d45.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки созишномаи байни ҳукуматҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кайҳонро тасвиб мекунад. Ҳуҷҷати дахлдор рӯзи шанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд. Ҳуҷҷат ба соҳаи тадқиқ ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон дахл мекунад.Мақсади созишнома фароҳам овардани заминаи ташкилию ҳуқуқӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон, инчунин истифодаи натиҷаҳои ин фаъолиятҳо мебошад. Ҳуҷҷат инчунин шароити ташкилӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ ва техникии татбиқи барномаҳоро муқаррар мекунад. Аз ҷониби Русия мақоми салоҳиятдор барои татбиқи муқаррарот Корпоратсияи давлатии "Роскосмос" мебошад. Самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илми кайҳон ва омӯзиши кайҳон, аз ҷумла:Созишнома моҳи июни соли 2023 дар Маскав ба имзо расида буд.Тавре ки дар ҳуҷҷатҳои замимаи қонун зикр мегардад, самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Русия барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии иншоот ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20241205/hamkorihoi-tojikiston-rusiya-kayhon-taqviyat-1065384425.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/71/1029767101_251:0:2982:2048_1920x0_80_0_0_0dec0fa48524227f731acd88372a444c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин созишнома тоҷикистон бораи кайҳон тасвиб
путин созишнома тоҷикистон бораи кайҳон тасвиб
Путин созишнома бо Тоҷикистон дар бораи кайҳонро ба тасвиб расонд
Дар созишнома принсипҳо ва меъёрҳои мухталифе пешбинӣ шудааст, ки барои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи кайҳон заруранд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки созишномаи байни ҳукуматҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кайҳонро тасвиб мекунад.
Ҳуҷҷати дахлдор рӯзи шанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.
Ҳуҷҷат ба соҳаи тадқиқ ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон дахл мекунад.
Мақсади созишнома фароҳам овардани заминаи ташкилию ҳуқуқӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазои кайҳон, инчунин истифодаи натиҷаҳои ин фаъолиятҳо мебошад.
Ҳуҷҷат инчунин шароити ташкилӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ ва техникии татбиқи барномаҳоро муқаррар мекунад.
Аз ҷониби Русия мақоми салоҳиятдор барои татбиқи муқаррарот Корпоратсияи давлатии "Роскосмос" мебошад.
Самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи илми кайҳон ва омӯзиши кайҳон, аз ҷумла:
тадқиқоти астрофизикӣ ва тадқиқоти сайёраҳо;
системаҳои моҳвораӣ ва технологияҳои алоқаманд;
омодагӣ ва парвози мутахассисон ба кайҳон;
таъмин ва истифода аз хизматрасонии партобу соири заминаҳо.
Созишнома моҳи июни соли 2023 дар Маскав ба имзо расида буд.
Тавре ки дар ҳуҷҷатҳои замимаи қонун зикр мегардад, самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Русия барои ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии иншоот ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.