https://sputnik.tj/20241205/hamkorihoi-tojikiston-rusiya-kayhon-taqviyat-1065384425.html
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши кайҳон тақвият меёбанд
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши кайҳон тақвият меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи Думаи давлатии Русия аз тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар кайҳон пуштибонӣ кард
2024-12-05T16:49+0500
2024-12-05T16:49+0500
2024-12-05T16:49+0500
русия
дар русия
дар тоҷикистон
созишнома
думаи давлатӣ
кайҳон
тасвиб
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/05/1065384252_0:53:3451:1994_1920x0_80_0_0_e3a80e89a127fdd2ce29cf31be0056be.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон ба Палатаи порлумон тавсия додааст, ки созишнома бо ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба ҳадафҳои осоишта ба тасвиб расонад."Кумита ба Думаи давлатӣ тавсия медиҳад, ки созишномаи байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба мақсадҳои осоишта ба тасвиб расонад", -омадааст дар хулосаи кумитаи Дума.Ёдовар мешавем, ки созишнома моҳи июни соли 2023 дар Маскав имзо шуда буд ва моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод гардидааст.Ҳуҷҷат тамоми принсипҳо ва меъёрҳои амалии заруриро барои рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазо ва истифодаи амалии системаҳо ва технологияҳои кайҳонӣ ба мақсадҳои осоишта пешбинӣ менамояд.Тавре дар ҳуҷҷати мазку навишта шудааст, самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Русия барои ҳалли масъалаҳои кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии объектҳо ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20241122/rustam-emomali-tojikiston-rushdi-hamkorii-siyosi-iqtisodi-rusiya-1065232393.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/05/1065384252_361:0:3092:2048_1920x0_80_0_0_9b3be8d168509761d3ebab6c9eb82d6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, кайҳон, дума, созишнома, тасвиб, парлумон
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, кайҳон, дума, созишнома, тасвиб, парлумон
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши кайҳон тақвият меёбанд
Кумитаи Думаи давлатии Русия аз тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар кайҳон пуштибонӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон ба Палатаи порлумон тавсия додааст, ки созишнома бо ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба ҳадафҳои осоишта ба тасвиб расонад.
"Кумита ба Думаи давлатӣ тавсия медиҳад, ки созишномаи байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳон ба мақсадҳои осоишта ба тасвиб расонад", -омадааст дар хулосаи кумитаи Дума.
Ёдовар мешавем, ки созишнома моҳи июни соли 2023 дар Маскав имзо шуда буд ва моҳи ноябри соли 2024 аз ҷониби ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод гардидааст.
Ҳуҷҷат тамоми принсипҳо ва меъёрҳои амалии заруриро барои рушди ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи иктишоф ва истифодаи фазо ва истифодаи амалии системаҳо ва технологияҳои кайҳонӣ ба мақсадҳои осоишта пешбинӣ менамояд.
Тавре дар ҳуҷҷати мазку навишта шудааст, самти асосии ҳамкорӣ ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои кайҳонии Русия барои ҳалли масъалаҳои кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии объектҳо ва захираҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.