https://sputnik.tj/20241229/mutakhassisil-nadorem-rahmon-monei-rushd-iqtisodi-tojikiston-1065717926.html
“Мутахассиси асил надорем”: Раҳмон гуфт чӣ монеъи рушди иқтисоди Тоҷикистон шудааст
“Мутахассиси асил надорем”: Раҳмон гуфт чӣ монеъи рушди иқтисоди Тоҷикистон шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумон таъкид кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад
2024-12-29T11:39+0500
2024-12-29T11:39+0500
2024-12-29T11:39+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил
кадр
норасоии мутахассис
эмомалӣ раҳмон
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065714703_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_bba79eb981295975451d02714c32cb67.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумони кишвар таъкид кард, Тоҷикистон ниёз ба кадрҳои баландихтисос дорад.Вай гуфт, агар Тоҷикистон имрӯз кадрҳои баландихтисос медошт буҷааш ду баробар зиёд даромад медошт.Вай гуфт ӯ аз рӯзи аввали роҳбарияташ ба соҳаи маориф эътибори авалиндараҷа медиҳам.Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.Вай илова кард, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.Вай афзуд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.
https://sputnik.tj/20241228/rahmon-hadafi-nihoi-hukumat-tojikistonro-guft-1065708540.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1c/1065714703_0:0:1819:1364_1920x0_80_0_0_90dd20fb0c583bc8c4c4c4db4d80991a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, кадр, мутахассис, маориф, монеъ, эмомалӣ раҳмон, сифат, таҳсил
тоҷикистон, иқтисод, кадр, мутахассис, маориф, монеъ, эмомалӣ раҳмон, сифат, таҳсил
“Мутахассиси асил надорем”: Раҳмон гуфт чӣ монеъи рушди иқтисоди Тоҷикистон шудааст
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумон таъкид кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба парлумони кишвар таъкид кард, Тоҷикистон ниёз ба кадрҳои баландихтисос дорад.
“Мо ниёз ба кадрҳо дорем. Диплом зиёд садҳо ҳазор дода истодаем. Олимонам шумоаршон бад нест. Лекин мутахассиси асил надорем. Ангуштшуморанд. Ихтироъкор надорем”, - таъкид кард раҳбари Тоҷикистон.
Вай гуфт, агар Тоҷикистон имрӯз кадрҳои баландихтисос медошт буҷааш ду баробар зиёд даромад медошт.
“Ҳамин шабу рӯз. Агар мо ба IT ва иқтисодиёти рақамӣ, низои ғайринақдӣ мегузаштем, ман бовари дорам буҷети имрӯза мо ду баробар зиёд даромад медошт”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай гуфт ӯ аз рӯзи аввали роҳбарияташ ба соҳаи маориф эътибори авалиндараҷа медиҳам.
Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Вай илова кард, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони тоҷик дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Вай афзуд, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд.