https://sputnik.tj/20241228/se-charkhai-digari-nbo-qayroqum-navsozi-va-dar-sughd-nerugohi-barqi-oftobi-sokhta-meshavad-1065710005.html
Се чархаи дигари НБО Қайроқум навсозӣ ва дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
Се чархаи дигари НБО Қайроқум навсозӣ ва дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паёмаш ба парлумони кишвар таъкид кард, ки то имрӯз ду чархаи НБО "Норак" ва се чархаи НБО "Қайроққум" пурра навсозӣ шудааст
2024-12-28T15:29+0500
2024-12-28T15:29+0500
2024-12-28T15:48+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нбо
нбо қайроқум
чарха
навсозӣ
сохтмон
суғд
нерӯгоҳи офтобӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064254928_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_549d21ce891dda0c4e1478140cf6c0dc.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумони кишвар таъкид кард, ки ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Қайроққум" ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи "Себзор" ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.“То имрӯз ду агрегати неругоҳи "Норак" ва се агрегати неругоҳи "Қайроққум" пурра навсозӣ карда шуд”, - қайд кард раисҷумҳур.Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи "Қайроқум" иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.Инчунин вай афзуд, ки як агрегати дигар дар неругоҳи "Норак" таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи "Себзор" бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.Раисҷумҳури Тоҷикистон зикр кард, ки бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.“То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи "Роғун" ба анҷом расонида шудаанд”,- гуфт ӯ.Раҳбари кишвар илова кард, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар "Роғун" ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
https://sputnik.tj/20241228/tojikiston-purra-istiqloli-energetiki-noil-meshavad-1065706058.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064254928_119:0:1256:853_1920x0_80_0_0_dd98043fe69464db494e228d2d89e0e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, барқ, нбо, суғд, агрегат, чарха, қайроқум
тоҷикистон, энергетика, барқ, нбо, суғд, агрегат, чарха, қайроқум
Се чархаи дигари НБО Қайроқум навсозӣ ва дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
15:29 28.12.2024 (Навсозишуда: 15:48 28.12.2024) Раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паёмаш ба парлумони кишвар таъкид кард, ки то имрӯз ду чархаи НБО "Норак" ва се чархаи НБО "Қайроққум" пурра навсозӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумони кишвар таъкид кард, ки ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Қайроққум" ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи "Себзор" ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
“То имрӯз ду агрегати неругоҳи "Норак" ва се агрегати неругоҳи "Қайроққум" пурра навсозӣ карда шуд”, - қайд кард раисҷумҳур.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи "Қайроқум" иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.
Инчунин вай афзуд, ки як агрегати дигар дар неругоҳи "Норак" таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи "Себзор" бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.
Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зикр кард, ки бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.
“То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи "Роғун" ба анҷом расонида шудаанд”,- гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар илова кард, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар "Роғун" ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.