Савдои хоирҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии Суғд афзоиш ёфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие "Сайри Согд" в городе Худжанд
Предприятие Сайри Согд в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2024
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят наздик ба 3 миллиард доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-ноябри соли равон ба 2 млрд. 910,8 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 116,3%таъмин гардид.
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд ҳаҷми воридот 2045,0 млн доллар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 206 миллион доллар ё 11,2 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят бошад дар ин давра ба 865,8 миллион доллар расонида шуда, суръати афзоиш 130,5 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 202,4 млн доллар зиёд мебошад.
Ҳамчунин ба иттилои мақомоти Суғд давоми 11 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 26 млрд. 517,4 миллион сомонӣ расонида шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 115,5% таъмин гардидааст.
Сбор урожая хлопка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2024
Дар Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро нашуд сабаб дар чист?
Зикр гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудааст.
Дар ин давра ба миқдори 384,4 ҳазор тонна орд, 4621 тонна равғани растанӣ, 6470,5 тонна маҳсулоти макаронӣ, 46791,2 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 47250,6 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 17145,2 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 142%, равғани растанӣ 101,1%, маҳсулоти макаронӣ 100,7%, нон ва маҳсулоти нонӣ 110,1%, консерваҳо 131,8% ва нӯшокиҳои беспирт 127,2% аст.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 1847,1 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиш 133,8% мебошад.
Лентаи хабарҳо
0