https://sputnik.tj/20241220/sughd-naqshai-jamovarii-pakhta-ijro-nashud-sabab-1065594926.html
Дар Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро нашуд сабаб дар чист?
Дар Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро нашуд сабаб дар чист?
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти беш аз се моҳ маъракаи пахтачинӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ба анҷом расид, вале нақшаи ҷамъоварии ҳосил иҷро нагардид
2024-12-20T13:11+0500
2024-12-20T13:11+0500
2024-12-20T13:11+0500
дар тоҷикистон
пахта
суғд
кишоварзӣ
ҷамъоварӣ
нақша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064726823_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_253b691094f042b4d47049a28359d870.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Дар Суғд то санаи 20 декабр, ки рӯзҳои анҷоми маъракаи ҷамъоварӣ гуфта мешавад ҳамагӣ 85, 3 ҳазор тон пахта ба даст оварда шудааст, ки ин рақам ҳамагӣ 63, 4 % и нақшаи пешбинишудаи ҳосилро ташкил мекунад.Маъруф Шарифиён, сардори Идораи кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби иҷро нашудаи нақшаи ин навъ зироатро шарҳ дод.Ӯ, гуфт, соли ҷорӣ таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи пахтапарварӣ асеби ҷиддӣ расонд, ки дар натиҷа нақшаи ҷамъоварии ҳосил иҷро ношуда монд.“Боронҳои пайдар пайи баҳорӣ дар моҳи апрел сабаби дер кишт шудани пахта гардид. Аз сӯи дигар гармои шадиде, ки тобистони имсол ба амал омад, аксар ниҳоли зироати пахтаро пажмурдаву хушк гардонид ва аз ҳисоб сабаб зирати пахта дуруст нашъу намо накард” – изҳор намуд, Шарифиён.Бар пояи иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру навоҳии Суғд дар майдони 52, 3 ҳазор га кишти пахта гузаронида шуда буд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 7, 3 ҳазор га зиёд гуфта мешуд.Кишоварзони суғдӣ умедвор буданд, ки соли ҷорӣ аз ин ҳисоб замини кишт беш аз 134 ҳазор тон “тиллои сафед” ба даст меоранд.Аммо таври ҳисоб сар аз моҳи сентябр то нимаи моҳи декабр ҳамагӣ 85, 3 ҳазор тон ҳосил руёнида шудааст, ки 16, 3 сентнер рос меояд.Коршиносони умумри иқлимшиносӣ мегуянд, солҳои охир таъсири тағйирёбии иқлим ба дараҷае баланд шудааст, ки ба соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла пахтакорӣ осеби ҷиддии худро расонидааст.
https://sputnik.tj/20240918/kishovarzon-khatlon-pakhta-jamovari-1064374839.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0f/1064726823_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_715fcb0eef15481036eea138c5204055.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, пахта, ҷамъоварӣ, кишоварзӣ, нақша, ҳосил
тоҷикистон, суғд, пахта, ҷамъоварӣ, кишоварзӣ, нақша, ҳосил
Дар Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро нашуд сабаб дар чист?
Бо гузашти беш аз се моҳ маъракаи пахтачинӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ба анҷом расид, вале нақшаи ҷамъоварии ҳосил иҷро нагардид
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Дар Суғд то санаи 20 декабр, ки рӯзҳои анҷоми маъракаи ҷамъоварӣ гуфта мешавад ҳамагӣ 85, 3 ҳазор тон пахта ба даст оварда шудааст, ки ин рақам ҳамагӣ 63, 4 % и нақшаи пешбинишудаи ҳосилро ташкил мекунад.
Маъруф Шарифиён, сардори Идораи кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби иҷро нашудаи нақшаи ин навъ зироатро шарҳ дод.
Ӯ, гуфт, соли ҷорӣ таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи пахтапарварӣ асеби ҷиддӣ расонд, ки дар натиҷа нақшаи ҷамъоварии ҳосил иҷро ношуда монд.
“Боронҳои пайдар пайи баҳорӣ дар моҳи апрел сабаби дер кишт шудани пахта гардид. Аз сӯи дигар гармои шадиде, ки тобистони имсол ба амал омад, аксар ниҳоли зироати пахтаро пажмурдаву хушк гардонид ва аз ҳисоб сабаб зирати пахта дуруст нашъу намо накард” – изҳор намуд, Шарифиён.
Бар пояи иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру навоҳии Суғд дар майдони 52, 3 ҳазор га кишти пахта гузаронида шуда буд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 7, 3 ҳазор га зиёд гуфта мешуд.
Кишоварзони суғдӣ умедвор буданд, ки соли ҷорӣ аз ин ҳисоб замини кишт беш аз 134 ҳазор тон “тиллои сафед” ба даст меоранд.
Аммо таври ҳисоб сар аз моҳи сентябр то нимаи моҳи декабр ҳамагӣ 85, 3 ҳазор тон ҳосил руёнида шудааст, ки 16, 3 сентнер рос меояд.
Коршиносони умумри иқлимшиносӣ мегуянд, солҳои охир таъсири тағйирёбии иқлим ба дараҷае баланд шудааст, ки ба соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла пахтакорӣ осеби ҷиддии худро расонидааст.