https://sputnik.tj/20241227/hushdori-vkd-korti-bonki-malumoti-shakhsoni-seum-1065685200.html
Ҳушдори ВКД: Корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед
Ҳушдори ВКД: Корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қайд кардааст, ки вақтҳои охир ҳолатҳои афзоиши қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ зиёд шудааст
2024-12-27T10:49+0500
2024-12-27T10:49+0500
2024-12-27T10:49+0500
дар тоҷикистон
вкд
корти пардохт
қаллобӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_0:125:1200:800_1920x0_80_0_0_d48c776606d95492775869e27ed6c771.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳанд.Ба гуфтаи ВКД қаллобон аз сокинон кортҳои бонкӣ мегиранд ва барои истифодаи муваққатӣ ба соҳибони кортҳои бонкӣ аз 300 то 500 сомонӣ пул ваъда мекунанд.Ин ниҳод қайд кардааст, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон додани корт ё маълумоти он ба шахсони сеюм қатъиян манъ аст.Ҳамчунин ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, фиребгарон бо баҳонаи пешниҳоди кор метавонанд нусхаи шиноснома, рақами корт ва дигар маълумоти шахсии шуморо талаб кунанд, ки ин баъдан барои фиреб истифода мешавад.Дар сурати ба доми қаллобон афтидан хатарҳое, ки шуморо интизоранд, аз ҷумла инҳоянд: агар корти шумо барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода шавад, шумо шарики ин ҷиноят ҳисобида мешавед; қаллобон метавонанд шуморо аз маблағҳое, ки дар кортатон мавҷуд ҳастанд, маҳрум кунанд; амалиёти шубҳанок боиси басташавии ҳисоби шумо мешаванд.Дар робита ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ҳолати шубҳа ба шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунед ё ба рақами боварии милитсия занг занед.
https://sputnik.tj/20240816/hushdori-vkd-elon-peshnihod-giriftani-ravodid-bovar-nakunand-1063970750.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_0:0:1067:800_1920x0_80_0_0_92c5e32f92ce10ed8d4a1a425d4f25c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вкд, ҳушдор, кортҳои бонкӣ, маълумот, сокинон, қаллобӣ, душанбе
тоҷикистон, вкд, ҳушдор, кортҳои бонкӣ, маълумот, сокинон, қаллобӣ, душанбе
Ҳушдори ВКД: Корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе қайд кардааст, ки вақтҳои охир ҳолатҳои афзоиши қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳанд.
Ба гуфтаи ВКД қаллобон аз сокинон кортҳои бонкӣ мегиранд ва барои истифодаи муваққатӣ ба соҳибони кортҳои бонкӣ аз 300 то 500 сомонӣ пул ваъда мекунанд.
“Дар асл қаллобон кортҳои шуморо метавонанд барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода баранд, ба монанди шустушӯи маблағҳо, интиқолҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар нақшаи қаллобӣ”, - қайд кардааст ВКД.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон додани корт ё маълумоти он ба шахсони сеюм қатъиян манъ аст.
“Шумо барои ҳама амалиёте, ки бо истифода аз корти бонкиятон анҷом дода мешаванд, ҷавобгар ҳастед”, - таъкид кардааст ВКД.
Ҳамчунин ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, фиребгарон бо баҳонаи пешниҳоди кор метавонанд нусхаи шиноснома, рақами корт ва дигар маълумоти шахсии шуморо талаб кунанд, ки ин баъдан барои фиреб истифода мешавад.
Дар сурати ба доми қаллобон афтидан хатарҳое, ки шуморо интизоранд, аз ҷумла инҳоянд: агар корти шумо барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода шавад, шумо шарики ин ҷиноят ҳисобида мешавед; қаллобон метавонанд шуморо аз маблағҳое, ки дар кортатон мавҷуд ҳастанд, маҳрум кунанд; амалиёти шубҳанок боиси басташавии ҳисоби шумо мешаванд.
Дар робита ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед.
“Пеш аз фиристодани маълумоти шахсӣ ҳақиқати корфарморо санҷед, агар пешниҳоде дар бораи "иҷораи корт" шавад, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳед ва амалиётро дар ҳисоби бонкиатон мунтазам санҷед”, - илова кардааст ВКД.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ҳолати шубҳа ба шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунед ё ба рақами боварии милитсия занг занед.