Ҳушдори ВКД: Ба ҳар гуна эълону пешниҳодҳо барои гирифтани раводид бовар накунед

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание министерства внутренних дел Таджикистана
Здание министерства внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2024
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми гуруҳҳои ҷиноятӣ наафтанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар пайи аз гаравгон озод намудани чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар Эрон вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми чунин гуруҳҳои ҷиноятӣ наафтида, ба ҳар гуна эълону пешниҳодҳо вобаста ба гирифтани раводид ҷиҳати сафар намудан ба кишварҳои хориҷӣ бовар накунанд.
Вазорат таъкид кардааст, ки ахиран чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ки бо баҳонаи дастрас намудани раводиди Амрико бо роҳҳои қаллобии интернетӣ аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба Эрон бурда, дар шаҳри Теҳрон бо мақсади ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба гарав гирифта шуда буданд.
ВКД қайд кардааст, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар озод карда шуданд ва ҷинояткорон дастгир гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран пулиси шаҳри Теҳрон ҷузъиёти амалиёти озодсозии 4 тан аз атбои Тоҷикистон, ки тавассути аъзои як бандаи байналмилалии қочоқи инсон ба гаравгони гирифта шуда буданд нашр кард.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2024
Эрон аз озодии 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз гаравгони як банда дар Теҳрон хабар дод
Тибқи иттилоъ, пулиси Теҳрон пас аз дарёфти хабар аз вуқуъи гаравгонгирӣ чаҳор шаҳрванди хориҷӣ, билофосила иқдомоти пайгирӣ анҷом дод.
Дар кутоҳтарин замон, маҳали гаравгонгирон шиносоӣ шуд ва тайи як даргирӣ, се нафар аз гаравгонгирҳо, ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд.
“Гаравгонҳо низ саҳеҳу солим озод шуданд”, - қайд кардааст пулиси Теҳрон.
Сардор Алӣ Валипур Гударзӣ дар ташреҳи ҷузъиёти ин хабар гуфт, ки чаҳор шаҳрванди тоҷикистонӣ дар ибтидо ба сурати қонунии вориди Эрон шуда, аммо дар идома қасд доштанд, то бо истифода аз қочоқчиёни инсонӣ худро ба кишварҳои аврупоӣ ниҳоятан Амрико бирасонанд.
“Аммо пас аз вуруд ба Теҳрон, тавассути қочоқчиёни инсони рабуда шуданд ва қочоқчиён барои озодии онҳо 10 миллиард тӯмон талаб намуданд”, - гуфт Алӣ Валипур.
Вай идома дод, ки полиси Теҳрон махфигоҳи қочоқчиёну маҳали нигаҳдории афроди рабудашударо дар яке шаҳристонҳои устони Теҳрон шиносоӣ карда ва пас аз ахзи муҷаввизҳои қазоӣ тайи як амалиёти ғофилгирона ба маҳали нигаҳдории ин чаҳор шаҳрванди хориҷии рабудашуда рафта ва ононро озод карданд.
Лентаи хабарҳо
0