Бозхонди ду судя аз Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Раҳмон

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2024
Обуна шудан
Дар бораи бозхонди судяи Суди Олии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ қабул шуданд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ахиран дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум масъалаи бозхонди ду судя баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти аҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ дар асоси пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан Маҳмадшарофи Дилбар аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саид Сӯҳроб аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозхонд гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин хусус қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ қабул шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот намуда буд ва дар онҷо дар бораи рушди мақомоти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандони соҳа бо таҳлилҳо андешаронӣ намуд.
Президент республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
Раҳмон аз судяҳо хост ба савгандашон содиқ бошанд
Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кормандони мақомоти судиро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар кори онҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо супоридани санадҳои судӣ ва ғайра дар назди судяҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Вай ба шахсони масъули соҳа супориш дод, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Раисҷумҳури кишвар зарур шумурд, ки судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мунтазам аз курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузаронида шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кард, ки судяҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд.
“Шаъну шарафи судягиро нигоҳ доред, ваколатҳоятонро бо масъулияти баланд анҷом диҳед ва ба мардум содиқонаву беғаразона хизмат намоед”,- қайд карда буд Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0