https://sputnik.tj/20241226/putin-tojikiston-rayosatash-idm-kumak-1065658229.html
Путин: Ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсаташ дар ИДМ кумак хоҳам кард
Путин: Ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсаташ дар ИДМ кумак хоҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Тоҷикистон омодааст зимни раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳамаҷониба кумак расонад
2024-12-26T09:36+0500
2024-12-26T09:36+0500
2024-12-26T09:36+0500
владимир путин
русия
дар русия
дар тоҷикистон
идм
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065656751_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_8882e2c116f84850599e9cc9bbe68444.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, кишвараш омода аст, ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати ҷумҳурӣ дар Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил дар соли оянда кумакҳои лозимаро ироа кунад."Аз 1 январи соли ҷорӣ Русия вазифаи раисии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба Тоҷикистон вогузор мекунад, ба Эмомалӣ Шарипович ва ба ҳамаи дӯстони тоҷики худ муваффақият таманно дорам, ки мо аз ҷониби худ омодаем, ки тамоми кӯмакҳои заруриро расонем", - гуфт Владимир Путин.Ёдовар мешавем, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Ленинградb, дар наздикии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дидори ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ сурат гирифт.Раҳбари Русия ҳамчунин дар дидори ғайрирасмии сарони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, ки амиқтар шудани шарикӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба манфиатҳои кишварҳои узви Иттиҳодия мебошад."Дар маҷмӯъ, ман итминон дорам, ки амиқтар шудани шарикӣ дар доираи Иттиҳод дар соҳаҳои гуногун ба манфиати куллии мардуимони кишварҳоямон аст ва итминон дорам, ки мо дар оянда ҳам барои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими субот ва амният талош хоҳем кард” - гуфт роҳбари Русия.Ба гуфтаи Путин, кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамкориҳоро дар мубориза бо ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир афзоиш додаанд.Президенти Русия аз баргузории бомуваффақияти машқҳои зиддитеррористии ИДМ дар Ӯзбекистон ва барномаи қабулшудаи ҳамкорӣ оид аз байн бурдани тундгароӣ ёдовар шуд.Ба гуфтаи раҳбари Русия, “Робитаҳои густурдаи башардӯстонаи байни кишварҳо ба таърихи муштараки чандинасра, ба ҳамбастагии амиқи фарҳангҳо, арзишҳои муштараки ахлоқию маънавӣ, пайвандҳои наздики хешутаборӣ ва оилавӣ асос ёфтаанд”.
https://sputnik.tj/20241225/putin-rohbaroni-idm-suquti-havopaymo-ozarboyjon-izhori-hamdardi-1065654958.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065656751_95:0:1915:1365_1920x0_80_0_0_e871964ea4d90c8ca3dd870899298c9c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, идм, тоҷикистон, кумак, раёсат, сиёсат, владимир путин
русия, идм, тоҷикистон, кумак, раёсат, сиёсат, владимир путин
Путин: Ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсаташ дар ИДМ кумак хоҳам кард
Русия ба Тоҷикистон омодааст зимни раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳамаҷониба кумак расонад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, кишвараш омода аст, ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати ҷумҳурӣ дар Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил дар соли оянда кумакҳои лозимаро ироа кунад.
"Аз 1 январи соли ҷорӣ Русия вазифаи раисии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба Тоҷикистон вогузор мекунад, ба Эмомалӣ Шарипович ва ба ҳамаи дӯстони тоҷики худ муваффақият таманно дорам, ки мо аз ҷониби худ омодаем, ки тамоми кӯмакҳои заруриро расонем", - гуфт Владимир Путин.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Ленинградb, дар наздикии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дидори ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ сурат гирифт.
Раҳбари Русия ҳамчунин дар дидори ғайрирасмии сарони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, ки амиқтар шудани шарикӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба манфиатҳои кишварҳои узви Иттиҳодия мебошад.
"Дар маҷмӯъ, ман итминон дорам, ки амиқтар шудани шарикӣ дар доираи Иттиҳод дар соҳаҳои гуногун ба манфиати куллии мардуимони кишварҳоямон аст ва итминон дорам, ки мо дар оянда ҳам барои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими субот ва амният талош хоҳем кард” - гуфт роҳбари Русия.
Ба гуфтаи Путин, кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамкориҳоро дар мубориза бо ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир афзоиш додаанд.
Президенти Русия аз баргузории бомуваффақияти машқҳои зиддитеррористии ИДМ дар Ӯзбекистон ва барномаи қабулшудаи ҳамкорӣ оид аз байн бурдани тундгароӣ ёдовар шуд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, “Робитаҳои густурдаи башардӯстонаи байни кишварҳо ба таърихи муштараки чандинасра, ба ҳамбастагии амиқи фарҳангҳо, арзишҳои муштараки ахлоқию маънавӣ, пайвандҳои наздики хешутаборӣ ва оилавӣ асос ёфтаанд”.