Путин аз номи роҳбарони ИДМ вобаста ба суқути ҳавопаймои Озарбойҷон изҳори ҳамдардӣ кард

© Sputnik / Кристина Кормилицына / Гузариш ба медиабонкНеформальная встреча глав делегаций государств-участников СНГ
Неформальная встреча глав делегаций государств-участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар дидори анъанавии ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар робита ба суқути ҳавопаймои озарбойҷонӣ дар Актауи Қазоқистон изҳори таслият кард.
"Имрӯз дар Актау як фоҷеа рух дод. Ҳавопаймо суқут кард ва дар он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ман аз номи Шумо ба хонаводаҳои қурбониён ва ҳамаи осебдидагон изҳори ҳамдардӣ мекунем", — гуфт Путин дар дидори ғайрирасмии сарони ИДМ.
Путин изҳори итминон кард, ки суқути ҳавопаймо дар Ақтау ҳамаҷониба таҳқиқ хоҳад шуд.
Вай афзуд, ки ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бо пизишкон ва таҷҳизот фавран ба маҳалли фоҷеа парвоз мекунад.
Қаблан Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон сафараш ба Санкт-Петербург барои ширкат дар дидори ғайрирасмии ИДМ ба далели суқути ҳавопаймои ширкати AZAL-ро қатъ кард.
Президенти Русия дар як мулоқоти ғайрирасмӣ аз раҳбарони кишварҳои ИДМ даъват кард, ки дар бораи корҳои анҷомдодашуда ва масъалаҳои дарпешистода “соатҳоро ҳамоҳанг созанд”.
Лидеры СНГ посетили дворцы Павловска, Царского Села и Петергофа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Раҳмон ба Алиев ҳамдардӣ баён кард
Вай гуфт, ки ҳиссаи пули миллӣ дар пардохтҳо дар байни иштирокчиёни ИДМ аз 85 дарсад гузаштааст, дар ҳоле ки кишварҳои муштаракулманофеъ аз низоми пардохтҳои худ бештар истифода мекунанд.
Дар баробари ин, воридотивазкунанда бо суръати хуб пеш рафта, соҳибихтиёрии технологии кишварҳои узви Иттиҳод таҳким меёбад.
Раҳбари Русия қайд кард, ки кишварҳои ИДМ ҳамкориҳоро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир афзоиш медиҳанд.
Вай изҳори итминон кард, ки ИДМ дар оянда ҳам дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими суботу амният талош хоҳад кард.
Дар вилояти Ленинград дидори ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад. Дидор дар арафаи Соли нав дар кишварҳои ИДМ ба як анъана табдил ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0