https://sputnik.tj/20241226/khujand-inshoot-sokhtav-navsozi-meshavand-1065665832.html
Дар Хуҷанд то 35 солагии ҷашни Истиқлолият 950 иншоот сохтаву навсозӣ мешаванд
Дар Хуҷанд то 35 солагии ҷашни Истиқлолият 950 иншоот сохтаву навсозӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъкид кард, ки барои ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ тамоми чораҳо андешида шудааст
2024-12-26T14:29+0500
2024-12-26T14:29+0500
2024-12-26T14:29+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
азнавсозӣ
хуҷанд
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/06/1055330902_0:0:1217:685_1920x0_80_0_0_85ac255f5e85b922da75545a061c2048.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдории Хуҷанд барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст.Иншоотҳо 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бояд ба истифода дода шаванд.Қайд карда шудааст, ки масъулини мақомоти шаҳр барои ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ тамоми тадбирҳо андешидаанд.Зикр гардидааст, ки сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то ба имруз 675 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 71 фоизро ташкил медиҳад.“Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 269 адади он ба соли ҷорӣ рост меояд. Аз онҳо 54 иншоот дар соҳаи саноат, 18 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 6 иншоот дар соҳаи маориф, 13 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 2 иншоти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 116 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 1 бинои маъмурӣ, 25 бинои истиқоматӣ ва 1 иншоотҳои гуногун бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд”, - қайд кардааст манбаъРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз раванди сохтмони бинои нави Суди вилояти Суғд ва Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Ваҳдат, бинои иловагии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд, бинои истиқоматии баландошёнаи иҷтимоӣ дар маҳаллаи Темурмалик, сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба бинокорон ҷиҳати суръати афзоиши корҳо ва босифат анҷом додани он дастуру супоришҳо дод.
https://sputnik.tj/20240302/kishvarho-iiao-tojikiston-sokhtmon-pul-sarf-tasvirbayon-1061904510.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/06/1055330902_0:0:1029:771_1920x0_80_0_0_6ff13455a8fb6fd2feab6a0c4f1cca63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, сохтмон, иншоот, азнавсозӣ
тоҷикистон, хуҷанд, суғд, сохтмон, иншоот, азнавсозӣ
Дар Хуҷанд то 35 солагии ҷашни Истиқлолият 950 иншоот сохтаву навсозӣ мешаванд
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъкид кард, ки барои ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ тамоми чораҳо андешида шудааст
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдории Хуҷанд барои тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст.
Иншоотҳо 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бояд ба истифода дода шаванд.
Қайд карда шудааст, ки масъулини мақомоти шаҳр барои ба анҷом расонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ тамоми тадбирҳо андешидаанд.
Зикр гардидааст, ки сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то ба имруз 675 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 71 фоизро ташкил медиҳад.
“Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 269 адади он ба соли ҷорӣ рост меояд. Аз онҳо 54 иншоот дар соҳаи саноат, 18 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 6 иншоот дар соҳаи маориф, 13 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 2 иншоти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 116 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 1 бинои маъмурӣ, 25 бинои истиқоматӣ ва 1 иншоотҳои гуногун бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд”, - қайд кардааст манбаъ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз раванди сохтмони бинои нави Суди вилояти Суғд ва Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи Ваҳдат, бинои иловагии гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд, бинои истиқоматии баландошёнаи иҷтимоӣ дар маҳаллаи Темурмалик, сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба бинокорон ҷиҳати суръати афзоиши корҳо ва босифат анҷом додани он дастуру супоришҳо дод.