Ҳузури тоҷикон дар ҳавопаймои суқуткардаи озарбойҷонӣ дар Қазоқистон

© Foto / МЧС Республики Казахстан / Гузариш ба медиабонкКрушение самолета в Актау
Крушение самолета в  Актау  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар ҳавопаймои суйқуткарда дар Қазоқистон, ки дар масири Боку-Грозний парвоз мекард зодагони Тоҷикистон низ буданд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Зодагони Тоҷикистон Субҳонқул Раҳимов ва Зинатулло Саъдуллоев дар ҳавопаймо ҳузур доштанд.
Яке аз зодагони Тоҷикистон Субҳонқул Раҳимов аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурда
Аммо мутассифона ба иттилои ширкати “АЗАЛ” Зинатулло Саъдуллоев дар ин ҳодисаи маргбор ҷон бохтааст.
Ин ду нафар шаҳрвандони Федератсияи Русия буданд, гуфт як манбаи огоҳ дар ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷонӣ.
Ҳамчунин ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон Сидиқова Рухшона ва Ҳаморқулов Фурқат, ки бояд дар ҳамин ҳавопаймо парвоз мекарданд бо сабаби номаълум ба парвоз роҳ дода нашуданд.
Як манбаи огоҳ дар ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷонӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, онҳо мебоист дар ҳавопаймое парвоз мекарданд, ки дар Актау суқут кардааст. Аммо дар лаҳзаи охир онҳоро ба парвоз иҷозат надоданд.
Ёдовар мешавем, ки Субҳонқул Раҳимов дар ин ҳодиса аз пешониаш каме осеб гирифт. Ӯ дар наворе аз дохили ҳавопаймо, ки қабл аз суқут сабт шудааст, ором ба назар мерасад ва ба такрор калимаи шаҳодатро мехонд. Баъди афтидани ҳавопаймо Раҳимов дар навори дигар худ ва пораҳои ҳавопайморо нишон дода, мегӯяд, "халабон ҳалок шуд".
Крушение самолета в  Актау  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
ВУХ: дар ҳавопаймое, ки дар Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд
Тибқи иттилои хабаргузории "Газета.ру” Субҳонқул Раҳимов, ҳамроҳ бо хонаводааш дар шаҳри Екатеринбурги Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрванди Русия аст.
Екатерина Раҳимова, яке аз пайвандони Субҳонқул ба ин нашрия гуфтааст, ӯ гоҳ-гоҳ ба ватанаш Тоҷикистон меравад. Ба гуфтаи наздиконаш, Субҳонқул барои кадом кораш аз Боку ба Грозний парвоз мекард.
Субҳонқул Раҳимов зодаи деҳаи Нарвади ноҳияи Айнӣ аст ва солҳо пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Русия кӯчидаастт.
Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines", ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар наздикии Актауи Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Мақомоти Қазоқистон ахиран хабар дод, ки аз 67 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 каси дигар зинда монданд.
Вазъхи саломатии 11 мусофири зиндамонда вазнин гуфта мешавад.
Аз 67 мусофир ва ҳайати парвоз, 42 нафарашон шаҳрвандони Озарбойҷон, 6 кас аз Қазоқистон, 3 нафар қирғизистонӣ ва 16 каси дигар табааи Русия будаанд.
Лентаи хабарҳо
0