https://sputnik.tj/20241225/vukh-havopaymo-qazoqiston-suqut-shahrvandon-tojikiston-nabudand-1065655359.html
ВУХ: дар ҳавопаймое, ки дар Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд
ВУХ: дар ҳавопаймое, ки дар Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба наздикону павандони қурбониёни ҳавопаймои суқуткарда дар Қазоқистон изҳори ҳамдардӣ баён кардааст
2024-12-25T17:59+0500
2024-12-25T17:59+0500
2024-12-25T17:59+0500
дар тоҷикистон
вух-и тоҷикистон
ҳамдардӣ
шаҳрвандон
суқути ҳавопаймо
қазоқистон
озарбойҷон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065654635_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_760306f07aa5ba3a35ccec4fbddcf1ad.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳавопаймои шаиркати ҳавоии Озарбойҷон, ки дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.Ҳамзамон вазорат ба мардуми Озарбойҷон ба хусус ба наздикону пайвандони қурбониёни ҳавопаймои суқуткарда дар Қазоқистон изҳори ҳамдардӣ баён кардааст.Ин ҳам дар ҳолест, ки Рустам Эмомалӣ раиси маҷлиси миллӣ, маҷлиси олии Тоҷикистон, ба ҳамтои озарбойҷониаш Сагиба Али гизи барқияи тассалӣ ирсол кардааст.Дар бёнияаш Рустам Эмомалӣ навиштааст, ки хабари суқути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон дар Актау ӯро сахт андӯҳгин кард.“Аз номи худам ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо, инчунин ба пайвандону наздикони мусофирони фавтида изҳори ҳамдардии самимӣ менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил таманно дорам”, - навиштааст раиси маҷлиси миллӣ, маҷлиси олии Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки субҳи 25 декабри соли равон ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.Ситоди фаврии вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти охирин, 27 нафар наҷотёфтагони суқути ҳавопаймо, аз ҷумла 3 кӯдак ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шудаанд.
https://sputnik.tj/20241225/rahmon-aliev-hamdardi-bayon-kard-1065652965.html
https://sputnik.tj/20241225/suquti-havopaymo-dar-qazoqiston-1065646880.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065654635_35:0:995:720_1920x0_80_0_0_ae9df3a328d5581e85f51f96a3be6207.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вух, суқут, ҳавопаймо, қазоқистон, шаҳрвандон, рустам эмомалӣ, ҳамдардӣ
тоҷикистон, вух, суқут, ҳавопаймо, қазоқистон, шаҳрвандон, рустам эмомалӣ, ҳамдардӣ
ВУХ: дар ҳавопаймое, ки дар Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба наздикону павандони қурбониёни ҳавопаймои суқуткарда дар Қазоқистон изҳори ҳамдардӣ баён кардааст
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳавопаймои шаиркати ҳавоии Озарбойҷон, ки дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
"Дар ҳавопаймое, ки дар Актау суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд”, - хабар дод вазорат.
Ҳамзамон вазорат ба мардуми Озарбойҷон ба хусус ба наздикону пайвандони қурбониёни ҳавопаймои суқуткарда дар Қазоқистон изҳори ҳамдардӣ баён кардааст.
“Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Рустам Эмомалӣ раиси маҷлиси миллӣ, маҷлиси олии Тоҷикистон, ба ҳамтои озарбойҷониаш Сагиба Али гизи барқияи тассалӣ ирсол кардааст.
Дар бёнияаш Рустам Эмомалӣ навиштааст, ки хабари суқути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон дар Актау ӯро сахт андӯҳгин кард.
“Аз номи худам ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо, инчунин ба пайвандону наздикони мусофирони фавтида изҳори ҳамдардии самимӣ менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил таманно дорам”, - навиштааст раиси маҷлиси миллӣ, маҷлиси олии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 25 декабри соли равон ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.
Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.
Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.
Ситоди фаврии вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти охирин, 27 нафар наҷотёфтагони суқути ҳавопаймо, аз ҷумла 3 кӯдак ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шудаанд.